«МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ!» Ба АМИТ «Ховар» аз Осетияи шимолии Россия мактуб — муроҷиатнома расид

Август 4, 2018 11:33

ДУШАНБЕ, 04.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба АМИТ «Ховар» мактуб — муроҷиатномаи роҳбари Ҷамъияти тоҷикон  «Помир» дар Ҷумҳурии Осетияи шимолӣ – Аланияи Федератсияи Россия Арсен Худододов дар  робита ба амали террористии дар ҷануби Тоҷикистон рухдода, ки боиси ҳалокати сайёҳони хориҷӣ гардид, ворид шуд.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои афсонавӣ ва зебои Осиё аст. Замоне Искандари Мақдунӣ мафтуни тамошои кӯҳҳои барфпӯш ва боғҳои шукуфони он гардида буд. Тоҷирони аврупоӣ ва чинӣ ба ин ҷо омада, ин гӯшаи афсонавиро ҳамеша васф мекарданд. Қаҳрамони Ш.Руставели – Автандил низ ба Бадахшон ташриф овардааст. Шоир ва сароянда, яке аз асосгузорони жанри сурудҳои муаллифӣ Юрий Визбор «қалби худро дар кӯҳҳои Фон» гузоштааст. Тӯли қарнҳои зиёд тоҷирону сайёҳон аз меҳмоннавозии сокинони ин давлати офтобӣ дар ҳайрат меафтоданд.

Тоҷикистон барои сайёҳон ҳамеша шавқовар буд. Аз тамоми ҷаҳон одамон барои тамошои ин кишвари афсонавии бо табиати зебо меомаданд. Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол аз сол рушд карда, ба буҷети мардум ва давлат фоида оварда истодааст. Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки ин боиси зиёд гардидани шумораи сайёҳон гардидааст.

Аммо гурӯҳҳое ҳастанд, ки шукуфоии ин гӯшаи афсонавиро намехоҳанд ва бо ҳар роҳ кӯшиш карда истодаанд, ки Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфӣ нишон диҳанд. Ҷамъияти тоҷикон — «Помир» дар Ҷумҳурии Осетияи шимолӣ – Алания ин амали ғайриинсонии террористиро, ки боиси ҳалокати сайёҳони хориҷӣ гардид, маҳкум намуда, ба наздикони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ изҳор менамояд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин амали террористиро аъзоёни ҲНИ* ва ДОИШ* содир намудаанд. Терроризми ҷаҳонӣ ба Ватани мо таҳдид намуд, аммо тири онҳо хок хӯрд: ин фоҷеа ҳеҷ касро бетараф нагузошт. Ҷомеа ин амали разилонаро шадидан маҳкум намуд.

Аз фурсат истифода карда, таъкид менамоем, ки ҳамкорӣ бо аъзоёни ҳар гурӯҳу ташкилоте, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон ва Россия манъ карда шудааст, дар пай ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Ҳамаи муҳоҷирони меҳнатиро даъват менамоем, ки ҳамеша ҳушёр бошанд ва аз алоқа бо шахсони номаълуму шубҳаовар тариқи Интернет худдорӣ намоянд. Бо ин кор мо метавонем ба терроризм аксуламал нишон диҳем.

 

Арсен ХУДОДОДОВ,
Роҳбари ҷамъияти тоҷикон — «Помир»
дар Ҷумҳурии Осетияи шимолӣ –
Аланияи Федератсияи Россия

 

 

________________________

* Мамнӯъ дар Тоҷикистон

Август 4, 2018 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?