МУБОРАК БОД! Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 барандаи медали нуқра гардид

Август 29, 2018 17:37

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш,  варзишгари маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, дар Бозиҳои тобистонаи  Осиё-2018, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни то  81 кило ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби медали нуқра гардид. Ин дуюмин медали  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо мебошад.

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола дар мусобиқаи гуштини кураш дар вазни то  81 кило, ки имрӯз, 29-уми август, дар пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта – баргузор шуд, дар қувваозмоии аввали худ бар Мӯсо Собиров аз Ӯзбакистон ғолиб омад.

Сипас, дар чорякфинал намояндаи Тайбэйи Чин Ҳуанг Чунтаро мағлуб кард. Беҳрӯз дар даври ниманиҳоӣ бар Тазтак Умеди эронӣ дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз Алиакбари Илёси 30-солаи эронӣ мағлуб гашт. Ба ин тартиб, паҳлавони эронӣ медали тилло ва паҳлавони тоҷик медали нуқраро ба даст овард.

Вале паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то  81 кило, ки дар даври аввал бар рақибонаш аз Ветнам ва Сурия дастболо шуд, дар чорякфинал аз Сарвар Шомуродови ӯзбекистонӣ мағлуб гашт.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-2016 аввалини медали нуқраро аз намуди гурзпартоӣ дар Бозиҳои Осиё-2018 бадаст оварда буд.

Август 29, 2018 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад