Мубориза барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба теннис оғоз шуд

Август 24, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз, 23 август  дар  Қасри тенниси тобистона маросими   кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба  теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар медиҳад, ки дар расми ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ намояндаи  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Адҳам Маъмурзода ва муовини  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ризо Назарзода тамоми иштирокчиёнро ба муносибати 27-умин  солгарди  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба  варзишгарон барору комёбӣ  орзу намуданд.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ   намояндагони кишварҳои Америка, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон Украина ва мизбон- Тоҷикистон ширкат дошта, барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки   мусобиқаи мазкур аз  23 то  27 августи соли  равон  дар  Қасри тенниси тобистона доир  мегардад. Дар  мусобиқаи мазкур   барои  ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Август 24, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд