ПИРӮЗИИ НАВБАТӢ МУБОРАК! Шаҳриёр Даминов дар Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 барандаи медали нуқра гардид

Август 30, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз варзишгари  маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов медали сеюми Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 ба даст овард.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Палембанги Индонезия мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд ва варзишгари маъруфи тоҷик  Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард.

Ба иттилои манбаъ,  дар мусобиқа 8 варзишгар иштирок карданд. Шаҳриёр бо натиҷаи 4:05.950 дуюм шуда ба марра расид. Ҷои аввалро варзишгари ботаҷрибаи ӯзбекистонӣ Вадим Немков бо натиҷаи 4:05.224 ишғол кард. Медали биринҷӣ бо натиҷаи 4:06.434 насиби варзишгари эронӣ Муҳаммад Набӣ Ризоӣ шуд.

Дар финали қувваозмоӣ дар масофаи 500 метр бо каноэи чорнафара дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 9 даста ҳаштум шуд. Дар ин ришта се ҷои аввалро Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ишғол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин медали нуқраи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 18-умин Бозиҳои Осиё мебошад, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад. 26 август қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ ва 29 август Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг гӯштини кураш сазовори медали нуқра гардиданд.

Варзишгарони мо имрӯз, ҳамчунин дар намудҳои дзюдо (Шоҳида Қаландарова, вазни -57кг, Беҳрӯз Хоҷазода, вазни -73кг, Акмал Муродов, вазни -81кг) ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (С-2, 1000 метр) иштирок мекунанд, ки барояшон муваффақият мехоҳем.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, ба ҷои 30-юм баромад.

 

 

Август 30, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад