Рӯзномаи «Овози тоҷик»: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон акнун шарикони стратегӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 август сурат гирифт, аз тарафи воситаҳои ахбори оммаи Ӯзбекистон ҳодисаи муҳимтарини таърихӣ маънидод карда шуд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», ки нашрияи Маҷлиси Олӣ («Олий мажлис») ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, сармақолаи шумораи навбатиро аз 18-уми августи соли 2018 бо сарлавҳаи «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон – шарикони стратегӣ» нашр намудааст. Муаллифи сармақола Матназар Элмуродов навиштааст: «Мардумони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро риштаҳои қадимии дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, маданият, анъана ва таомули шабеҳ ва дини ягона мепайвандад. Ташрифи нахустини давлатии Президенти Тоҷикистон чун рӯйдоди боаҳамият дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад».
Сипас, муаллиф ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос карда, доир ба «Боздиди сарони ҳар ду давлат аз хиёбони Мустақиллик, гулгузории Сарвари давлати тоҷикон дар назди Муҷассамаи истиқлолият ва инсонпарварӣ, баргузор шудани чорабиниҳои асосӣ дар қароргоҳи Кӯксайрой, мулоқоти хосаи сарони ду давлат, мулоқот бо иштироки ҳайати васеи расмӣ, маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои стандарткунонӣ, метрология ва сертификат, сиёсати зиддимонополистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, баргузор кардани тадқиқоти муштараки стратегии илмӣ дар соҳаҳои геология, ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои илмиву техникӣ, кишоварзӣ, дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, таълим, сиёсати ҷавонон, маданият ва санъат, имзо шудани муоҳидаҳо дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва маданияту инсонпарварӣ байни минтақаҳои кишварҳои мо, аз ҷумла байни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, Самарқанд ва Суғд» маълумоти муфасал пешниҳод кардааст.
«Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Изҳороти муштарак ва Шартномаи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд», — ин нукта дар сармақола махсус дарҷ карда шудааст.
Дар мақола ҳамчунин чунин зикр шудааст: «Президентҳо мулоқотро дар таркиби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома доданд. Истифодаи сарфакоронаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба шумор меравад. Ҷонибҳо дар самти мазкур тарафдори идома додани мулоқоти ошкоро мебошанд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи сохтумони ду неругоҳи гидроэлектрикии иқтидорашон 320 мегаватт дар қисми тоҷикистонии дарёи Зарафшон бо иштироки ширкатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шартнома баста шуд».
Дар ин шумора, инчунин, мақолаҳои раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова «Оғози нав ва рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ», ходими калони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Ҳабибҷон Ҳамидҷонов «Иқдоми нек дар роҳи дӯстӣ», Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов «Ӯзбекам бо тоҷик аст», хабарнигори «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов «Роҳҳо-пайвандгари қалбҳо», Абдуаҳад Шарифзода «Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад» нашр шудаанд.
«Овози тоҷик» нашрияи тоҷикзабони Ӯзбекистон аст, ки аз соли 1924 чоп мешавад. Он қаблан бо номҳои «Овози тоҷики камбағал», «Овози тоҷик», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Ӯзбекистони сурх» ба табъ расидааст. Ҳоло бо номи «Овози тоҷик» ҳафтае ду маротиба ва бо теъдоди 10 ҳазор нусха ба нашр мерасад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
ДУШАНБЕ-ТОШКАНД-ДУШАНБЕ








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






