РӮЗНОМАНИГОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН – ДАР ДУШАНБЕ. Шоми имрӯз онҳоро дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд

Август 8, 2018 19:33

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз гурӯҳи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба  шаҳри Душанбе  ташриф оварданд. Онҳоро дар даромадгоҳи шимолии пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ва ҳамкасбони тоҷикистониашон зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд.  Дар ин бора аз ҷои воқеа хабарнигорони АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА ва Ҷасур АБДУЛЛО иттилоъ доданд.

Пагоҳ, 9 август дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо  рӯзноманигорони ӯзбек  баргузор мегардад.

Тавре директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт,  «нахуст  ҳампешагони мо бо фаъолияти ТВ «Варзиш» ошно гардида, пасон оид ба таассуроти сафари худ бо ҳамқаламони тоҷикистонӣ табодули назар мекунанд».

Хотиррасон менамоем, ки  сафари гурӯҳи намояндагони ВАО-и Ӯзбекситон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз 1 то 4 авгутси соли равон як ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи аҳли илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд аа Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиёи Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Ҳадафи сафар омодасозии маводҳо ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/  Ӯзбекистон  дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Суратҳои Тоҳир САИДЗОДА /АМИТ «Ховар»/

Август 8, 2018 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?
Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд