Рустам Назарзода, генерал-лейтенант: Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мутахассисони касбӣ фаъолият менамоянд

Август 17, 2018 13:50

ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17 август аз таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол сипарӣ шуд. Кумитаи мазкур соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда табдил дода шуд. Пас аз таҷдиди сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар остонаи солгарди таъсисёбии Кумитаи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чӣ гуна тадбирҳо андешида шуда истодааст?

Рустам Назарзода: Вобаста ба самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боришоти боронҳои зиёд ва омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои осебпазир, гузаронидани ҷаласаҳои ғайринавбатии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, масъалаҳои захиракунонӣ дар мавсими зимистони имсола ва ташкили захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Кумита як қатор чораҳо  андешида шуда истодаанд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №778 аз 29 декабри соли 2006 «Оид ба тасдиқ намудани қоидаҳои ташкил, пуркунӣ ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Рашту Ҳисор ва шаҳри Душанбе санҷиш ва ёрии амалии методӣ гузаронида шуда, то қадри имкон маводҳои лозима захира карда шуд.

Ҳамзамон, баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавзеъҳои хавфнок, рехтани тахтасангҳои бетонӣ ва бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуда истодааст.

АМИТ «Ховар»: Барои самаранок фаъолият намудан Кумита мутахассисони заруриро дар ихтиёр дорад?

Рустам Назарзода: Дар Кумита барои самаранок фаъолият намудан мутахассисони касбӣ кор менамоянд ва аз иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта баромада истодаанд. Аммо барои баланд бардоштани имкониятҳои Кумита мутахассисони соҳавӣ намерасанд. Аз ҷумла, таркишгарон, лоиҳакашон, алоқачиён, барномасозон ва ғайра.

АМИТ «Ховар»: Дар бораи ҳамкории байналмилалии Кумита каме маълумот медодед.

Рустам Назарзода: Кумита дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва як қатор ташкилотҳои башардӯстии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Федератсияи  Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Қатар, Япония, Франсия. Инчунин, бо созмонҳои байналмилалӣ — Барномаи рушди СММ, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, САҲА, СААД (ОДКБ), Раёсати Комиссари Олии СММ дар кори паноҳандагон, Ташкилоти байналмилалӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД), ОКСФАМ, Ҳайати Шафқат, Агроаксияи Олмон, Фонди Оғохон, Оғо-Хон оид ба муҳити зист (Хабитат), Салиби Сурх, САҲА ва Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ).

Бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамкориро бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдор инкишоф дода, тақвият мебахшад.

Бо назардошти муҳим будани ҳамкориҳо дар ин самт Тоҷикистон фаъолона ба татбиқи ташаббусҳое, ки ба густариши майдони ҳуқуқӣ ва таҳкими иртиботи мавҷудаи байнидавлатӣ равона шудаанд, мусоидат мекунад.

Ҷиҳати татбиқи тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, 31 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҳамин замина, ҳайати Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-26 майи соли 2017 дар кори Форуми ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Канкуни Мексика ва дар Конференсияи сатҳи вазирони Осиё оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Улан Батори Муғулистон 3-6 июли соли 2018 иштирок намуданд.

10 ноябри соли 2017 дуюмин ҷаласаи муштараки мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон, якумин вохӯрии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 14-15 феврали соли 2018  ва 14 августи соли 2018 ҷаласаи якуми муштараки мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, тақвият бахшидани равобити дуҷониба ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табиӣ роҳбарияти Кумита дар соли 2017 зиёда аз 40 нишасту вохӯриҳо бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ баргузор намуданд. Натиҷаи чунин вохӯрӣ ва ҳамкории судманд буд, ки базаи моддӣ-техникии Кумита дар соли 2017 ва аввали соли 2018 боз ҳам ғанитар гашт.

АМИТ «Ховар»: Оё имрӯз Кумита аз ҷиҳати техникӣ пурра таъмин аст?

Рустам Назарзода: Яке аз муҳимтарин нишондодҳои самаранокии фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳии Кумита-ин муҷаҳҳазгардонии техникии он ба шумор меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил ва мукаммалсозии низоми мақомоти идораи фаврӣ ва таҷҳизонидани қувва ва воситаҳои Кумита оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда диққати махсусро медиҳад.

Дар баробари харидорӣ намудани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот аз ҳисоби буҷети давлатӣ, Кумита дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳо иқтидори таълимию методӣ ва моддию техникии худро мукаммал намуда истодааст.

Соли 2017 сохторҳои Кумита бо таҷҳизоти ҳозиразамони садамавӣ-наҷотдиҳии истеҳсоли Россия, Япония, Германия ва Корея ҷиҳозонида шуданд. Инчунин, Кумита муваффақ гардид, ки бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома ҷиҳати дастрас намудани автомашинаҳо, техника ва таҷҳизоту лавозимоти махсус ба имзо расонад.

Дар доираи баррасии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор ба омодагӣ ва эътино», ки байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ба имзо расида буд, дар доираи Фонди Трастии Барномаи Рушди СММ оид ба рушд, 11 автомашинаи садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ки тибқи таъинот барои эътино ба амалиётҳои гуногуни наҷотдиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, супорида шуданд.

Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи ба имзорасидаи чорсолаи «Таҳкими иқтидори паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва вокуниш» байни Кумита, Ҳукумати Япония ва Барномаи Рушди СММ 19 адад воситаҳои нақлиёт барои гузаронида амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ қабул намуд.

Ҳамчунин, дар доираи барномаи грантии пешниҳоднамудаи Ҳукумати Япония ба Кумита чор автомашинаи ротордори барфрӯбӣ супорида шуд.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Кумита ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ оид ба ҳамкорӣ дар самти омодагӣ, бартараф ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ду квадрокоптор барои ба даст овардани маълумотҳои иттилооти саривақтӣ, дақиқ ва бахусус оид ба ҳолати системаҳои табиӣ ва саноатӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, пешбинии вазъият, ҷиҳати қабули қарорҳои саривақтии марбут ба пешгирии оқибатҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодда тақдим гардид.

То имрӯз ба Кумита 196 номгӯи техникаю таҷҳизот, 19 адад техникаҳои махсус ва дигар лавозимоти соҳавӣ дастрас  шудаанд.

Дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумита ва Фонди Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ, сохтмони бинои сеошёна дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ — методии Кумита оғоз гардида, айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар доираи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия 40 тонна ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 70 тонна борҳои башардӯстона аз масолеҳи сохтмонӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардид.

Соли сипаришуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон «Оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда», Меморандуми дуҷониба бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва Ташкилоти байналмилалии ОКСФАМ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  имзо расонида  шуд. 23 майи соли 2018 барои  воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди азими таҷҳизоти нави ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ ва техникаи вазнин дастрас шуд.

Таҳвили техника дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҳкими зарфиятҳо оид ба омодагӣ ва вокуниш», ки моҳи августи соли 2016 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар чаҳорчӯбаи «Фонди Трасти»-и Барномаи рушди СММ имзо шуда буд, ҳамчунин созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ, Раёсати Комиссариёи олии СММ дар кори паноҳандагон ва Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД)  сурат гирифт.

Аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июли соли 2018 воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти нави ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ шуданд.

Бо вуҷуди дастрас намудани теъдоди азими техника ва таҷҳизот боз Кумита ба техникаю таҷҳизоти зиёди замонавӣ оид ба беҳтар гардонидани рафти омӯзиш, хабаррасонӣ, пешгирӣ, наҷотдиҳӣ, бартарафсозӣ ва ғайра ниёз дорад.

АМИТ «Ховар»: Ташкили рақами кӯтоҳкардашуда барои муроҷиат ба Кумита ба манфиати кор нест?

Рустам Назарзода: Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 434 аз 30 августи соли 2011 рақами кӯтоҳи ягонаи «111» муайян гардида буд ва худи ҳамон сол бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар КҲФ таҷҳизот барои қабули даъватҳои таъҷилӣ насб карда шуд.

Барои эътинои фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва мубодилаи самараноки иттилоот байни хадамоти ёрии таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозии амалиётҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 214 аз 28 апрели соли 2017 «Дар бораи муқаррар намудани  рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» инчунин, Низомнома дар бораи низоми таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда рақами кӯтоҳи фаврии 112 ворид гардид.

Қабул ва коркарди маълумот оид ба  ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодда аз тарафи ҳайати хизматӣ тариқи рақами кӯтоҳи ягонаи «112» сурат гирифта, баъд аз муайян гардидани хусусиятҳои  асосии ҳолати фавқулодда ва ҳодисаи рухдода, хабарҳои даъвати таъҷилӣ ба қисмҳои навбатдории хадамоти дахлдори таъҷилӣ ва эътино равон карда мешаванд.

Айни ҳол, низом танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Бо мақсади пурра фаро гирифтани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита ба нақша гирифтааст, ки низоми «112» дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъол карда шавад.

Бояд зикр кард, ки давоми як шабонарӯз ба рақами кӯтоҳи «112» зиёда аз панҷ ҳазор занг ворид шуда, то 20 маълумот гирифта мешавад. Баъдан барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, сӯхторнишонӣ, ёрии таъҷилӣ, наҷотдиҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда шахсони масъул ва наҷотдиҳандагон сафарбар мегарданд ва ба шаҳрвандон кумак мерасонанд.

АМИТ «Ховар»: Дар сомонаи Кумита гӯшаи махсус барои саволу ҷавоб бо Раиси Кумита ташкил карда шудааст. Мегуфтед, ки шаҳрвандон то кадом андоза мушкили худро тариқи сомона баррасӣ мекунанд ва бештар аз чӣ хусус саволгузорӣ менамоянд?

Рустам Назарзода: Бо мақсади тақвият бахшидан ба мубодилаи афкор бо ҷомеа ва шаффофияти сиёсати Кумита дар самти фаъолияти корӣ, дар сомонаи Кумита гӯшаи «Савол ба Раиси Кумита» амал менамояд, ки ҳар як шахс метавонад бемамоният ба Раиси Кумита савол ва дархости худро пешниҳод намояд. Дар 7 моҳи соли 2018 бо тариқи гӯшаи мазкур ба Раиси Кумита 22 савол ворид гашт, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас фиристода шуд.

Инчунин дар Кумита ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ гардида, дар як ҳафта ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва шанбе шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита қабул карда мешаванд. Дар нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби Раиси Кумита 60 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун қабул гардида, муроҷиатҳои ба самти фаъолияти Кумита мансуб буда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар муҳлатҳои муқарраргардида қонеъ гардонида шуд.

 

Август 17, 2018 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд