САДАМА. Амалиёти наҷотдиҳӣ поён ёфт: 12 кӯҳнавард ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Мутаассифона, 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои номусоид сабаби ба садама дучор шудани чархбол гардидааст. Инро сарнишини наҷотёфта ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иброз доштааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дода, зикр кард, ки, мутаассифона, дар садамаи мазкур 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расида, 12 нафар кӯҳнавардон ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Дар айни ҳол наҷотёфтагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, зери назорати табибон қарор доранд.
«Дар хусуси рух додани ҳодисаи фавқулодаи мазкур, сафаратхонаҳои Федератсия Россия, Беларус ва Испания, инчунин вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи Федератсия Россия ва Беларус дар ҷараён гузошта шудаанд»,-илова намуд манбаъ.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки тақрибан соатҳои 11-и рӯз, пас аз барқарор намудани алоқа бо кӯҳнавардон макони суқути чархбол муайян карда шуд ва барои наҷоти онҳо аз фурудгоҳи ноҳияи Лахш чархболҳо бо наҷотдиҳандагон сафарбар гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 12 август, тақрибан соати 16:30 дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 15 нафар кӯҳнавард, 13 шаҳрванди Федератсияи Россия, як шаҳрванди Беларус, як шаҳрванди Испания ва 3 сарнишин нишасти дурушт (жесткая посадка) анҷом додааст.
Чархболи МИ-8 бо 15 нафар кӯҳнавар ва се сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек, ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шудааст.
Барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама се чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон фиристод.
Садама дар ҳоле рух додааст, ки кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.
Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баландии он 7495 метр аст.









НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






