САМАРАИ НЕКИ ТАШАББУСҲО: Рушди гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон назаррас аст

Август 16, 2018 16:45

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар бораи сафари давлатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 17-18 августи соли равон сурат мегирад, дар воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ маводҳои зиёд  нашр шуда истодаанд. Яке ин сафарро таърихиву дигаре таърихсоз номида, шаҳрвандони ду мамлакати ба ҳам дӯст аз он натиҷаи некро интизоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро эълон намуда, ҳамкорӣ бо ҳама мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои минтақаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намудааст.

Ин  тадбир имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бо мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои минтақа муносибатҳои неку дӯстона дошта бошад. Бо назардошти мавқеи ҷуғурофӣ  тайи  чанд соли охир муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз пеш тақвият ёфта истодаанд, ки аз сиёсати инсондӯстонаи роҳбарони ду мамлакати дӯсту бародар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт муносибатҳои ин ду мамлакат аз соли 2018 маҷрои комилан навро касб кард, ки маҳз аз талошу дастгириҳои бесобиқаи роҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сарчашма мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон  сурат гирифт, зиёда аз 40 санади байнидавлативу байниидоравӣ ба имзо расиданд. Аксари созишномаҳои мазкур соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба монанди тиҷорату иқтисод,   фарҳанг ва мудофиаву амният дар бар мегиранд.

Маҳз ин тадбирҳои мушаххасан андешидашуда буданд, ки дар шаш моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври назаррас рушд кард.

Далели ин гуфта дар он аст, ки 3 августи соли равон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: «Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд ва барои густариш додани муносибатҳо миёни субъектҳои ҳарду ҷониб тамоми имкониятҳо мавҷуданд».

Номбурда илова кард, ки «мо ният дорем гардиши савдои хориҷии байни ду давлатро ба як миллиард  доллари америкоӣ расонем, ки ин албатта вақт талаб мекунад».

Ба иттилои Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи  нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон, гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 128,3 миллион доллари америкоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69, 7 миллион доллари америкоӣ зиёд мебошад.

«Дар шаш моҳи соли 2018 содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 75 миллион доллар ва воридот аз ин давлат 53,3 миллион долларро ташкил намуд, ки тавозуни савдо аз ҷониби Тоҷикистон 21,7 миллион доллар   мусбӣ арзёбӣ мешавад»,-зикр намуд Неъматулло Ҳикматуллозода.

Ин дар ҳолест, ки ба масъалаи густариши гардиши савдо байни ду давлати ба ҳам дӯст зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус зоҳир карда шуда буд ва дар як муддати кӯтоҳ натиҷаи назаррасро дод.

9 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ изҳороти муштарак баён намуда, хислати стратегӣ доштани тавсеаи минбаъдаи мутақобилан судманди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид намуданд.

Он вақт Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Олимҷон Бобоев зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ин иқдомро самараи  нек ва дурбинонаи сиёсии роҳбарони ду давлати ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дониста, зикр намуд, ки «натиҷаи нек ба бор меорад».

Олимҷон Бобоев дар идомаи суҳбат чунин изҳор кард: «Баимзорасии санадҳои зиёди дуҷониба ва нияти дар сатҳи стратегӣ ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду мамлакат, ки чанде пеш  мо шоҳиди он будем, барои ояндаи дурахшон, инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии дуҷониба заминаи устувор гузоштанд. Ман фикр мекунам, ки бисёре аз ин санадҳо ба татбиқшавӣ шурӯъ карданд ва тавре сарони давлатҳо зикр намуданд, ҳамаи ин корҳо барои беҳбудии зиндагии мардуми ҳарду мамлакат амалӣ карда шуданд».

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат густариши тиҷорати байни ду мамлакати ҳамсояро бисёр муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт: «Дар солҳои қаблӣ низ муносибатҳои тиҷоратӣ буданд, аммо на ба он сатҳе, ки мардум мехостанд. Имрӯз, хушбахтона, як марҳилаи нав дар ин ҷода оғоз гардид ва ман фикр мекунам, ки дар оянда тиҷорат байни ду мамлакат хеле рушд меёбад ва миёни ҳамаи давлатҳое, ки мо бо онҳо гардиши мол дорем, Ӯзбекистон ба худ мавқеи намоён касб мекунад. Дар ин самт мо низ аз афзалиятҳои қиёсии худ истифода бурда, байни ду давлат тиҷоратро рушд медиҳем».

Ҳамсуҳбати мо дар идомаи суханонаш зикр намуд, ки «аз суҳбати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ман эҳсос кардам, ки онҳо  бо як меҳри хосса, ҳавас, дӯстона ва ниҳоят ҷиддӣ ба рушди муносибатҳо рафтор намуданд. Густариши ин масъалаҳо, албатта, вақти муайянро тақозо менамояд.

Он созишномаҳои дуҷонибае, ки дар ҷараёни сафар ба имзо расиданд, барои беҳбудии зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳанд кард, зеро ба бозори истеъмолӣ молҳои нав ва ё беҳтар ворид мегарданд. Маълум аст, ки вақте дар бозор маҳсулот зиёд шуд, арзиши он поён рафта, барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 август  бо сафари дурӯза вориди Тошканд мешаванд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Август 16, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд