Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ: «Бо Федератсияи футболи Тоҷикистон нақшаҳои ҷадидро рӯи кор хоҳем гирифт»
ДУШАНБЕ, 30.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ҳошияи Бозиҳои Осиё — 2018 бо Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал- Фаҳад ал- Сабоҳ мулоқот ва масъалаи ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шайх Аҳмад ал- Фаҳад ал-Сабоҳ аз азми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди иншоотҳои варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар хуш истиқбол намуд.
«Мо метавонем лоиҳаҳои ҷадидро оид ба сохтмони иншоотҳои варзишӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва харидории лавозимоти варзишӣ амалӣ намоем», — изҳор доштааст Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал -Сабоҳ.
Шайх Аҳмад аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хостааст, ки барои сохтмони як майдончаи дигари варзишӣ ва лавозимоти варзишӣ лоиҳа пешниҳод намояд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки рушди варзиш миёни бонувон яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт. Зикр гардидааст, ки 50 фисади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд, аз ин хотир месазад, ки дар самти варзиши бонувон ҳам корҳои самарабахш сомон дода шавад.
Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ аз иштироки дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои Осиё, новобаста аз натиҷаи вохӯриҳо, истиқбол намуд.
«Маҳз дар ҳамин замина мо бо Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нақшаҳои ҷадидро ояндаи наздик рӯи кор хоҳем гирифт», — иброз дошт президенти Шӯрои олимпии Осиё.
Тавсифи Шайх Аҳмад ва ваъдаи дастгирияш дар ҳоле садо доданд, ки дастаи мунтахаби бонувони футболбози тоҷик барои нахустин бор дар таърихи кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Бозиҳои Осиё — 2018 иштирок кард ва бо ҳисоби калон шикаст хӯрд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин нахустин таҷриба ва оғози кор буда, пирӯзиҳои бонувони тоҷик ҳанӯз дар пешанд.
Хотиррасон менамоем, ки моҳи апрели соли 2009 Раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ас-Сабоҳ дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда буд.
Соли 2015 дар мулоқоти дигари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ҷиҳати бунёди 5 маркази омодагии олимпӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.
Пешвои миллат ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё барои саҳмашон дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид карда буданд, ки «барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд».








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






