То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 450 иншоот бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 25 иншоот, аз ҷумла, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, ҳаммомҳо, бунгоҳои тиббӣ, растаҳои ҳунармандон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва экологӣ, гулгаштҳо, шабакаҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои дилхушкунии кӯдакону наврасон, мағозаю дӯконҳо, синфхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, ки барои сохтмони онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ дастур дода буданд, бунёд мегардад.
Дар ин бораи имрӯз Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ давоми 6 моҳи аввали соли 2018 дар ҳудуди ноҳия ду бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва дар ин радиф, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимии №36, 38, 49, 124, 128, 105, 77 ва 109-и ноҳия барои 676 ҷои нишаст дар як баст 28 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд.
«Сохтмони 103 синфхонаҳои иловагӣ барои 2476 нафар ҷои нишаст дар як баст дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия идома дорад. Айни замон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ дар шаҳраки Сомониён барои 140 нафар тарбиягиранда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафари Кабир ва дар шаҳраки М. Турсунзода барои 120 нафар тарбиягиранда аз ҷониби соҳибкор М. Юсуфова идома доранд»,-зикр кард ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи омӯзиши ҳолати бино ва мавҷудияти муассисаҳои таълимии ноҳия маълум гардид, ки 71 муассисаи таълимӣ ба таъмир ниёз ё дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Вобаста ба ин аз тарафи масъулини соҳа санади нуқсонии ҳар як бинову иншоот ва харҷномаи корҳои таъмирию барқарорсозӣ таҳия гардида, ба ҳолати имрӯза дар 56 муассисаи таълимӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ оғоз гардидааст.
Доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли равон гуфта шуд, ки дар ин давра 112 млн. 445,6 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,5 фоиз ё худ ба маблағи 28 млн. 246,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






