«ТОҶИКАМ». Профессор Равшан Раҳмонӣ дар бораи суруде, ки дар замони мушкил тоҷиконро ба муттаҳидӣ даъват мекард
ДУШАНБЕ, 15.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суруди «Тоҷикам»-ро Хайрулло Насриддин, тоҷики муқими ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурудааст. Дар ин рӯзҳо, ки муносибатҳои фарҳангии ду давлати ҳамсоя –Тоҷикистону Ӯзбекистон равнақ меёбанд, АМИТ «Ховар» ба профессор Равшан Раҳмонӣ, ки бо таърихи тавлиди ин суруд ошноӣ дорад, бо чанд суол муроҷиат намуд.
АМИТ «Ховар»: Аваз Юлдошев дар «Азия Плюс» нигоштааст, ки суруди «Тоҷикам»-и сароянда Хайрулло Насриддин аввалин бор бо мусоидати Шумо тавассути Телевизиони Тоҷикистон пахш гардидааст. Оё ҳамин тавр аст?
Равшан Раҳмонӣ: Рости гап, навиштаи Аваз Юлдошевро дар ин бора нахондаам. Бояд гуфт, ки сарояндаи ин суруд Хайрулло Насриддин бародари нависанда ва журналисти тоҷик, зиндаёд Иноят Насриддин аст. Устод И.Насриддин дар солҳои охири умри худ дар Вазорати фарҳанг кор мекард. Ӯ бо тақозои вазифа чандин солҳо гурӯҳҳои ҳунарии вилояти Хатлонро ба вилояти Бадахшон, Суғдро ба Хатлон, Бадахшонро ба Зарфашон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ё дигар минтақаҳо сафарбар ва дар ин сафарҳо онҳоро раҳбарӣ мекард. Дар ҳама ҷо ҳунармандон ва мардум ӯро, ки хушгӯ, латифагӯ, аскиягӯ буд, дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд.
Ҳамин марди шариф дар солҳои вазинини 90-уми асри гузашта, аз бародараш — сарояндаи хушовоз Хайрулло Насриддин, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиндагӣ мекард, хоҳиш кард, ки «дар репертуарат сурудҳоеро ворид намо, ки дар бораи худшиносӣ, ватанхоҳиву дӯстӣ ва инсонпарварӣ бошанд. Зеро имрӯз тоҷикон ба ваҳдат, дӯстӣ ва ба пайвандшавии бештар бо ҳамдигар ниёз доранд».
Худатон медонед, ки чандин солҳо байни ду кишвар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафтуомад бо раводид буд, ки мушкилиҳои зиёдро пеш меовард. Моҳи феврали соли 2005 Хайрулло Насриддин ҳам пас аз чанд сол раводид гирифту ба дидори бародараш Иноят Насриддин ба Душанбе омад. Ҳамон рӯз чанде аз ҳамдеҳагон, аз деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун, дар хонаи Иноят Насриддин ҷамъ шудем.
Дар ин ҷамъомад Хайрулло чанд суруд хонду ба дунболи онҳо ҳамин суруди «Тоҷикам»-ро сароид. Ба ростӣ, ашк дар чашмони ҳозирин ҳалқа зад. Мансур Норқулов (рӯҳаш шод бод!), ҷавони миллатдӯсту ошиқи Тоҷикистон, ашкрезон гуфт, ки ин суруд аз тариқи радио ва телевизион бояд пахш шавад. Сипас ба ман рӯ оварда, гуфт: «Акаи Равшан, шумо устод Абдуҷаббор Раҳмонзодаро (он вақт раиси Кумитаи радио ва телевизион буданд) нағз мешиносед, метавонед ин корро амалӣ намоед!». Дигарон низ бо умед ба ман нигаристанд. Ман ҳам ҷуръат пайдо карда, ба устод А.Раҳмонзода занг задам. Ба устод А.Раҳмонзода дар бораи суруди «Тоҷикам» ва сурудҳои дигари Хайрулло Насриддин гуфтам. Устод А.Раҳмонзода дар ҷавоб гуфтанд, ки «Акаи Равшан, ҳар чи барои тоҷикон, худшиносӣ, дӯстӣ, пайванди ҳамсоягӣ бошад, онро бояд ҳатман ташвиқ кунем. Пас аз ним соат ба шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон меравам, меҳмонро гирифта, зуд биё». Тахминан соатҳои 4-5-и ҳамон рӯз ба бинои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ворид шудем. Бо супориши муҳтарам Асадулло Раҳмон, ки он замон директори Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон буданд, фавран студия омода ин ин суруд сабт шуд. Ва фардо субҳ суруд аз тариқи шабакаи асосии Телевизиони Тоҷикистон пахш гардид. Баъдан шунидам, ки Пешвои миллат ҳамон субҳ сурудро гӯш карда, онро писандидаанд.
АМИТ «Ховар»: Устод, ёдам ҳаст, ки ҳамон вақт бо сарояндаи ин суруд мусоҳибае ҳам таҳия гардид, ки он тавассути Телевизиони Тоҷикистон намош дода шуд. Баъдан худи ман ҳам, расо баъди 5 соли мусоҳибаи аввалашон, дар сафари дигари Хайрулло Насриддин ба Тоҷикистон як шом дар ҳавлии киностудияи тоҷикфилм суҳбати хубу хотирмон карда будем. Борҳо тариқи телевизион ҳам намоиш дода шуд…
Равшан Раҳмонӣ: Бале, хуб дар хотир дорам. Суҳбати аввалро он вақт Давлат Сафар, ки дар телевизион кор мекард, анҷом дода буд. Баъдан мусоҳибаи шуморо бо Хайрулло Насриддин дидам тариқи телевизион. Ин чанд сол баъдтар буд. Инчунин чанд суруди эшонро сабт карданд, ки то ба имрӯз аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш мегарданд. Бояд гуфт, ки суруди «Тоҷикам» Хайрулло Насриддинро дар тамоми Тоҷикистон машҳуру маҳбуб кард. Зеро он вақт миллати ҷафокашидаи тоҷик ба чунин шеъру таронаҳо, ки ҳамагонро ба муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват мекард, сахт эҳтиёҷ дошт.
АМИТ «Ховар»: Дар суҳбати телевизионие, ки ман бо Хайрулло Насриддин доштам, маълумам гардид, ки муаллифи суруди «Тоҷикам» яке аз ҳамдеҳагони худи онҳо Иззатулло Кенҷаев будааст. Хуб мешуд, агар Шумо дар бораи муаллифи ин шеър каме маълумот дода, чанд мисраи онро барои хонандагони сомона пешниҳод мекардед…
Равшан Раҳмонӣ: Дуруст аст, муаллифи ин суруд марҳум Иззатулло Кенҷаев, сокини деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун мебошад. Шодравон дар бораи худшиносӣ ва дӯстии тоҷикону ӯзбекон шеърҳои зиёд дорад. Бояд ёдовар шавам, ки тоҷикони Бойсун дар солҳои 90-уми асри гузашта аз нооромиҳои Тоҷикистон бисёр нороҳат мешуданд. Онҳо бисёр мехостанд, ки ҳар чи тезтар дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардад ва ҳаммиллатони онҳо осуда гарданд. Ҳамин дарду сӯзи ҳаммиллатон сабаб шуду Иззатулло Кенҷаев шеъри «Тоҷикам»-ро навишт ва онро барои сурудан ба Хайрулло Насриддин пешниҳод кард. Матни шеър чунин аст:
Сарнавишти қисматам аз мулки Тӯрон, тоҷикам,
Зодаи машриқзамин, аз хоки Хатлон тоҷикам.
Оташи толеи манро Суғд афрӯхт аз азал,
Зуллмати дунёи дунро шамъи тобон, тоҷикам.
Хонаи ман кӯҳ гашту санги хоро бистарам,
Қуллаҳо гаҳвораам тифли кӯҳистон, тоҷикам.
Аз забонам шеър резаду аз қудумам бӯи гул,
Хок гирам зар гардад чун Зарафшон, тоҷикам.
Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ кохи назм афрохтанд.
Осмони назмро лаъли Бадахшон, тоҷикам.
Лаззати савту суруд хуш аз шакарлабҳои ман,
Саъдию Сайдо, Ҳилолии ғазалхон, тоҷикам.
Дарди инсон чора кард Сино ба ҷуз дарди аҷал,
Дардмандони ҷаҳонро гашт луқмон, тоҷикам.
Бо ҳамин лафзи дарӣ, Бедил дили дунё гирифт,
Ҳамчу Ҳофиз дар каломи хеш султон, тоҷикам.
Ман ба хуни ҳеҷ кас дасти тамаъ нагзоштам,
Дар қаноат Хизрам бо пораи нон, тоҷикам.
Ҳамчу Айнӣ ҳақгӯю ҳамчу Восеъ ҳақҷӯй,
Гар сар дар зери дору банди зиндон, тоҷикам.
Ҳарзагӯйро таърихам бо нони ҳақ кӯраш кунад,
Гарчӣ сад иғво фурӯшанд, ғайри имкон, тоҷикам.
Дӯстиро месароям ҳамчу Мирзо бошараф,
Осиёро бо сурудаш карда бӯстон, тоҷикам.
Ҳамчу Помир сарбаланд будам ва ҳастам то абад,
Хонадони Шарқро нури ҷароғон, тоҷикам.
АМИТ «Ховар»: Мехостам Шумо каме дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Хайрулло Насриддин ба хонандагони сомона маълумот медодед. Ӯ дар куҷо таҳсил кардааст ва аз кай ба сурудхонӣ машғул аст?
Равшан Раҳмонӣ: Хайрулло мактаби тоҷикии рақами 5 деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсунро хатм кардааст. Солҳои ҳафтоди асри ХХ дар бахши театри Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода таҳсил намудааст. Як муддати кӯтоҳ дар театри Лоҳутӣ низ кор карда буд. Дигар тамоми умр дар мактабҳо ва театрҳои вилояти Сурхондарё кор карда, бештар ба сурудхонӣ машғул аст. Хайрулло Насриддин аз хурдсолӣ суруд месарояд. Ӯ пайваста сурудҳои Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир ва дигаронро зам-зама мекард.
Хайрулло пасон чандин бор ба Тоҷикистон омада, дар ҷашнҳо иштирок карда сурудхонӣ кардааст. Соли 2008 дар Панҷакент, ки ба ифтихори 1150-солагии сарвари шоирони форсизабони дунё Абӯабдулло Рӯдакӣ ҷашни бушукӯҳе барпо шуда буд, Хайрулло дар он иштирок намуда, ҳамин суруди «Тоҷикам» -ро сароид. Ҳозирин ин сурудро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.
АМИТ «Ховар»: Шумо дар як суҳбати ҷудогона ишорат кардед, ки ӯ солҳои пеш аз хурдсолон гурӯҳи фолклории «Ширу шакар» — ро созмон дода буд…
Равшан Раҳмонӣ: Дар ҳақиқат, солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Хайрулло як гурӯҳи ҷолибе созмон дода буд. Ин гурӯҳ аз талабагони мактаби деҳаи Пасурхӣ интихоб шуда буданд. Бачаҳои гурӯҳ чанд сурудро, ки дар байни мардум машҳур ва баъзе аз онҳо ба ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ буданд, месароиданд. Ин гурӯҳ соли 1990 дар яке аз фестивалҳои Британияи Кабир иштирок намуда, баҳои баланд гирифта буд.
АМИТ «Ховар»: Ман, ростӣ, кайҳо боз хабар надорам, ки устод Хайрулло Насриддин имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғуланд, оё ҳоло ҳам ба сурудхонӣ шуғл дошта бошанд? Шумо чӣ, устод, бохабар ҳастед аз ҳолу авҳоли ин овозхони тоҷиктабори фидоӣ?
Равшан Раҳмонӣ: Ман қариб 10 сол аст, ки ба Бойсун нарафтаам. Чунки корҳоям хеле зиёд аст. Вале аз духтари устоди зиндаёд Иноят Насриддин, журналисти хушсалиқа Шаҳлобону ҳар бор аз акаи Хайрулло пурсон мешавам. Ба гуфти Шаҳло, аксари маъракаҳо, ҷашнҳое, ки пайванди тоҷикону ӯзбекон аст, бе сурудҳои Хайрулло намегузаранд. Шаҳлобону ҳамчунин гуфт, ки дар ҳамин рӯзҳо Хайрулло чанд суруди навро ба оҳанг даровардааст. Яке аз онҳо ба шеъри Низом Қосим «Дунёям» ва дигаре бар шеъри Султон Муроди Олим «Ҳамсоягӯ» эҷод шудаанд. Боз чанд суруди дигарро низ, ки дар онҳо дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо васф мешаванд, омода намудааст ва нияти сурудани онҳоро дар байни мардуми тоҷику ӯзбек дорад.
АМИТ «Ховар»: Боиси хушҳолист, ки ду Президенти мардумӣ — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар таърихи ду давлат — Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав кушода, корҳои ниҳоят бузурги таърихиро анҷом доданд. Акнун фурсати нави ҳамкориҳои фарҳангӣ фаро расидааст. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
Равшан Раҳмонӣ: Медонед, Сайрамбону, ҳанӯз аз аввали роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлати тоҷикон аён буд, ки ин марди хирад ва роҳбари дурандеш мамлакатро ба ободкорию пешравиҳои зиёд мерасонад. Дар тӯли ин солҳо Пешвои миллат собит карданд, ки ба ин миллату давлат ва умуман баҳри манфиати башарият фидоӣ ҳастанд. Шумо шоҳид будед, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо чӣ гуна самимият пешвоз гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон бо ин амал ба ҷаҳониён нишон доданд, ки тоҷикону ӯзбекон ду миллати аз ҳам ҷудонашаванда ҳастанд. Онҳоро Худованд ҳамсояву ҳамтақдир сохтааст. Аз ин рӯ бояд ҳамеша ҳусни ҳамсоягиро нигоҳ доранд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки бо ҳамсоягон фақат дар муросову муҳаббат ва самимияти бепоён бояд зист. Ҳатто ин зарбулмасали тоҷикиро борҳо ба забон овардаанд: «Ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур». Худо хоҳад сафари Пешвои миллат ба кишвари Ӯзбекистон боз ҳам саҳифаҳои наверо дар китоби муносибатҳои ду кишвар боз хоҳад намуд. Мардум ба ҳарду Президент — ҳам ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Шавкат Мирзиёев бо муҳаббат менигаранд, зеро онҳо дар як муддати кӯтоҳ корҳоеро ба анҷом расониданд, ки дигарон ба он бовар надоштанд…
Сайрам БАҚОЗОДА,
АМИТ «Ховар»