Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст аст,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» (06.08.2018, №154) мақолаи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумъаев зери унвони «Чун шоҳбайти як ғазал…» чоп шудааст, ки дар он муаллиф дар бораи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, саҳми беҳамтои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари давлати ҳамсоя Шавкат Мирзиёев дар барқарории робитаҳои бародарӣ ва қадршиносии бузургони миллати тоҷик дар Ӯзбекистон андешаронӣ менамояд: «Дар арафаи ҷашни 140-солагии устод Садриддин Айнӣ Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифта буд, ки дар шаҳри Самарқанд хона-музейи устодро таъмир мекунад ва барои анҷоми ин кор 300 миллион сӯм ҷудо намуд».
Шеъри тозаэъҷоди шоири халқии Тоҷикистон Гулназар бахшида ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ дар ин шумораи рӯзнома нашр гардидааст. Шоир менависад:
Кишвар обод асту то аз ин шавад ободтар,
Ҷаҳд бояд кард.
То ки бошад Парчамаш дар рӯйи дунё ҷилвагар,
Ҷаҳд бояд кард…
Инчунин, дар ин шумора мақолаи рӯзноманигор Мунаввари Сафар бо сарлавҳаи «Харидуфурӯши ғайриқонунии замин. Чаро ташвишовар боқӣ мемонад?» чоп гардида, ба яке аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа бахшида шудааст. Муаллиф менависад, ки новобаста ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ проблемаи харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳоло ҳам ташвишовар боқӣ мемонад ва танҳо дар шаш моҳи соли равон 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ба қайд гирифта шудааст.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (07.08.2018, №155) зери сарлавҳаи «Пайроҳаи халқ. Роҳи ҳаёт ва пайвандгари инсонҳо» мақолаи Зайнура Азимӣ ва Луқмон Қурбон аз шаҳри Панҷакент нашр гардидааст. Дар мақолаи мазкур оид ба эҳёи Шоҳроҳи бузурги Абрешим пас аз ҳазорсолаҳо, мавзеъҳои дар радифи ин Шоҳроҳ қарордоштаи Тоҷикистон ва раванди барқарорсозӣ маълумотҳои ҷолиб оварда шудааст. Инчунин, дар матлаби мазкур андешаи донишмандону таърихшиносони машҳур дар хусуси Саразми бостон низ гирдоварӣ гардидааст.
Ҳамчунин, дар ин шумора мақолаву гузоришҳо зери сарлавҳаи «ВМКБ. Ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо вобаста ба замин ҳастанд», «Бизнес-Инкубатор. Василаи амалисозии нақшаҳои соҳибкорон», «Терроризм – вабои башарият», «Қонуни танзим. Баракати як санад» «Маркази таълими калонсолон. 10 соле, ки гузаш» чоп шудааст.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (04.08.2018, №94) аз Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гузориши муфассал омода намуда, бо сарлавҳаи «Минбаъд ба порадиҳандагон ҷарима не, балки ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ тадбиқ мешавад» дар саҳифаи худ нашр намудааст. Дар ин гузориш иброз мегардад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаримаро аз санксияҳои моддаҳои 319, 320 ва 321 Кодекси ҷиноятӣ хориҷ карданд.
Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (07.08.2018, №95) дар бораи ба имзо расидани як қатор қонунҳо маълумот додааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ».
Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (09.08.2018, №96) низ дар бораи ба имзо расидани як қатор қонунҳо маълумот додааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ».
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (09.08.2018, №32) мақолаи рӯзноманигор Шаҳбози Асомиддинро зери унвони «Иди номбардорони миллат муборак бод!» нашр кардааст. Мақолаи мазкур ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон, ки ҳар сол 12 август таҷлил карда мешавад, бахшида шудааст.
«Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем. Кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки нерӯи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем»,-чунин иқтибос меорад муаллифи мақола аз суханронии Пешвои миллат.
Ҳамчунин, дар ин шумора дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии ҷавонон мақолаи Хуршед Мавлонов «Самараи нек аз парвариши хуб аст» низ нашр гардидааст. Дар он муаллиф аз ҷумла, менависад: «Бешак, кишвари мо аз камтарин давлатҳоест, ки таваҷҷуҳи асосиро ба ояндаи ҷавонон равона сохта, дар ин самт тамоми чораҳоро андешидааст. Ҳукумати кишвар барои рӯҳбаланд намудани ҷавонон, баланд бардоштани тафаккур ва мафкураи онҳо, ҷаҳонбинӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ пайваста талош варзида, барои ҷавонон иқдомҳои бесобиқаро ҳамасола роҳандозӣ намуда истодааст. Намунаи барҷастаи ин таваҷҷуҳ ва иқдомҳо эълони Соли ҷавонон дар соли 2017 мебошад, ки дар соири давлатҳои дигар он ба назар намерасад».
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (08.08.2018, №32) зери сарлавҳаи «Дирӯз ва имрӯзи мо» мақолаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе Алишо Қурбониёнро нашр намудааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф аз солҳои аввали истиқлолият ёдовар шуда, менависад: «Солҳои навадуми асри гузашта таърих бори дигар тоҷиконро мавриди озмоиш қарор дод. Баъди зиндагии осоишта ва дар ҳудуди давлати абарқудрати Шӯравӣ қарор доштани Тоҷикистон ногаҳон вазъ баамаломадаи сиёсӣ рӯҳияи аксари шаҳрвандонро ба изтиробу шӯр овард. Мардуми аз сиёсат дур ба чоҳи сиёсатҳои нопоки абарқудратҳо афтида, ба ҷангу низоъ, харобу валангор сохтани инфрасохтори муҳими хоҷаги халқ даст заданд».
Баъдан муаллиф бо шукргузорӣ аз оромиву осоиштагии давлат, дурустии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро таъкид менамояд: «Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад».