3 сентябр-Рӯзи авиатсияи тоҷик: аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 15 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои дуру наздик парвоз анҷом медиҳанд

Сентябрь 3, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 3 сентябр кормандони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии  худ- Рӯзи авиатсияи граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  таҷлил  намуданд. Мавриди зикр аст, ки 94 сол муқаддам, 3 сентябри соли 1924, бори нахуст ҳавопаймои сохти олмонии Юнкерс Ф- 13, ки аз ҷониби сарнишинони тоҷикистонӣ  Петр Комаров ва Рашидбек  Ахриев идора мегардид, аз Бухоро парвоз намуда,  ба Душанбе фуруд омад. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навро боз намуд ва ба таъсиси Рӯзи авиатсияи ватанӣ асос гузошт. Бояд тазаккур дод, ки 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳамасола ҷашн гирифта мешавад

Дар ин росто, 3 сентябр дар Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ва роҳбарону намояндагон, собиқадорон ва кормандони мақомоту ширкатҳои авиатсионии  кишвар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, ба фаъолон ва собиқадорони соҳа сипосномаҳо  ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ зикр шуд, ки соҳаи ҳавонавардӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти  мамлакат маҳсуб ёфта, маҳз бо шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон рушду ташаккул ёфтааст. Ин аст, ки  дар зарфи 94 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди як муҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, системаҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфт.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо аз як майдони хокии давраи радиуси 800 метра иборат буд, имрӯз ба  фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, системаҳои назорати парвозу нишаст ва толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбеимрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд.

Комёбию дастовардҳои соҳаи авиатсияи ватанӣ  дар ин муддат хеле зиёданд. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дорои терминали нав гардида,   сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафт. Барои мусофирон толорҳои муқаррарӣ ва CIP хизмат мерасонанд. Моҳи июни соли равон дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз марказҳои бузурги логистикӣ  дар Осиёи Марказӣ –Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки Сарвазири  мамлакат Қоҳир Расулзода  дар маросими ботантана ба истифода дода шуд. Инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Ду ш анбе  хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization), ки соли 1944 таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзояш аст, ба роҳ монда шудааст. Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи кишвар аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба ҳавопаймоҳои замонавии «Боинг» -ҳо гузаштанд.

Бояд гуфт, ки ин намуди ҳавопаймоҳо барои истифода ва идора хеле мувофиқанд. Алҳол парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»  ба амал оварда мешаванд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон парвоз мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр»  1930 ташкил шуда, дар интиқоли мусофирон, бору боғоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ фаъолияташро  ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъгардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим иборат аст. Тақвияти ҷуғрофиёи парвозҳо, таъмини бехатарӣ ва мунтазамии  парвозҳо, эътимодият ва ҳузуру ҳаловати мусофирон рисолати асосии «Тоҷик Эйр»мебошанд.

Алҳол дар «Тоҷик Эйр» беш аз 500 мутахассси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд.  Ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба шаҳрҳои  Самарқанд, Деҳлӣ, Урумчӣ, Теҳрон, Алмаато, Бишкек, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск анҷом медиҳад.  Инчунин ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр»парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –Хоруғ ва вилояти Суғд –Хуҷанд низ бароҳ мондааст.

                                             Марзия САИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд