ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Дар ноҳияи Ашт ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 8 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 7, 2018 15:21

ХУҶАНД, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то 9 сентябри соли 2021 бояд корҳои созандагиву ободонӣ дар тамоми қаламрави  мамлакат ҳамаҷониба густариш бахшида шаванд.  Тибқи супориши Сарвари давлат дар ҳар як маҳалла ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабу китобхонаҳо, беморхона, корхонаҳои истеҳсоливу дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти оммавӣ,  ҳаммом, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн бояд ба истифода дода шаванд, то симои деҳоти мо ба шаҳр монанд шавад.

Имрӯзҳо дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ ба  майдони бузурги созандагиву бунёдкорӣ табдил гардидааст. Хосатан, вусъати баланди ҷараёни корҳои ободонӣ дар ин ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорону сокинони бо нангу номуси ноҳияи Ашт азм доранд санаи хотирмон- ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, симои як гӯшаи диёри азизи хешро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    гурӯҳҳои кории  ҳукуматӣ таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда  шудаанд. Дар ноҳияи Ашт роҳбарии гурӯҳи кориро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой СОЛЕҲЗОДА ба уҳда дорад.

Вобаста ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳот ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз он ҷумла ноҳияи Ашт низ иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, чун мактабу китобхона, беморхона, корхонаҳои истеҳсоливу дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти оммавӣ,  ҳаммом, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн ба истифода дода мешаванд.

Аз ҷумла, имрӯз, 7 сентябр шодиву нишот, хурсандиву рӯҳбаландии мардуми куҳанзамини ин ноҳия ҳадду канор надошт. Зеро сокинони ноҳия дар фазои орому осоиштагӣ аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби худ – Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.  Дар ин рӯз, мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки як гурӯҳ меҳмонон 8 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд.

Иттилои муфассал дар ин бора дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода.

Мардуми Ашт шукргузор аз истиқлоланд

 Имрӯз сокинони ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат ва сарбаландӣ аз пойдории сулҳу осмони софу беғубор, ифтихор аз Сарвари ғамхору дурандеши худ- Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чеҳраи кушоду рӯҳбаландӣ ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  истиқбол гирифта, дар ифтитоҳи чанде аз иншооти ҷашнӣ ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, ин  марди ҷасуру далер, нотарсу шуҷоъ буд, ки Тоҷикистони ба вартаи оташ афтода аз нав эҳёву бунёд гардида, ба ҷанги хонумонсӯзу даҳшатовар хотима дода шуд. Ва ба мардуми азиятдидаи тоҷик сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва болотар аз ҳама, ваҳдати миллӣ ҳадя гардид.

Ҳамзамон маҳз талошҳои пайвастаи ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки дар давоми 27 сол Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз 150 мамлакат ҳамчун давлати мустақилу ҳуқуқбунёд, демокративу озод ва дорои таърихи куҳан эътироф намуданд. Аз ин лиҳоз, мардуми сарбаланди Ашт бо шукргузорӣ аз истиқлоли Ватан пайваста дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат сарҷамъ гардида, ҳар як ҳидояту дастури ин марди накӯву хирадпешаро сармашқи кори худ қарор додаанд.

 Самараи Истиқлол

7 сентябр дар панҷ Ҷамоати деҳоти ноҳияи Ашт иншооти гуногуни дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд. Мардуми ноҳия инро ҳамчун самараи соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд.  Дар ин рӯз дар хурсандии ин мардуми соҳибҳунару соҳибилм дар қатори фаъолони ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, роҳбарияти ноҳия, адибону олимон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода низ шарик гардиданд.

Аз ҷумла, имрӯз ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури меҳмонон якчанд иншооти ҷашнӣ- 9 синфхонаи иловагӣ барои 225 хонанда дар МТМУ №58-и Ҷамоати деҳоти Понғоз аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Муҳиддинов ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон бунгоҳи саломатии Даҳана-2 аз ҷониби маъмурияти Маркази саломатии ноҳиявӣ бо дастгирии аҳолии деҳа бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Лаби дарёи Ҷамоати деҳоти Ориён тариқи ҳашар 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 хонанда дар назди МТМУ №6 ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, маркази савдо ва нуқтаи хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусамад Абдумаликов, дар деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Ориён хонаи саломатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ, дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт бо таъсиси 3 ҷойи корӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ дар ҳаҷми 700 ҳазор сомонӣ  ҳуҷраи хизматрасонии рентгении рақамӣ дар шуъбаи ҷарроҳии №2-и беморхонаи Марказии ноҳия, инчунин аз ҷониби маъмурияти маркази саломатии ноҳиявӣ ва соҳибкорони деҳа бо маблағи 243 ҳазор сомонӣ  хонаи саломатӣ дар деҳаи  Оқсинҷоти Ҷамоати деҳоти Ифтихор, дар назди МТМУ № 51-и деҳаи Ҳуҷистони Ҷамоати деҳоти Меҳробод 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 хонанда аз ҷониби кумитаи волидайн ва соҳибкорон бо харҷи 220 ҳазор сомонӣ ва дар назди мактаби варзишии ноҳия як майдончаи хурди футбол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин бегоҳии имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия барномаи рангини аҳли ҳунари ноҳия баргузор мегардад.

Дар ҷараёни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки боиси ифтихор аст, ки мардуми ноҳияи Ашт дар қатори сокинони бонангу номуси кишвар аз муроҷиат ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, азм кардаанд, ки баҳри шукуфоии кишвари худ бо бунёди иншооти мухталиф дар раванди корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд.

Ашурбой Солеҳзода аз дастовардҳои назарраси ноҳия ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар самти корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ёдовар гардида, баён дошт, ки симои ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сол аз сол боз ҳам зебову дилрабо  гардида истодааст ва сокинони ноҳия аз ин ҳама ободиву пешравиҳо шукргузоранд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо зикр кард, ки мардуми ноҳия дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки дар миқёси вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ин санаи хотирмон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 Бунёди 131 иншоот то ҷашни 30-солагӣ

 Давоми солҳои 2018 то 2021 ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ва навсозии 131 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар аст.  Аз шумораи умумии иншоот беш аз 90 ададаш бо саҳмгузории соҳибкорон ва аҳолии ноҳия бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешавад. Хусусан, давоми соли 2018 дар ҳудуди 9 ҷамоати ноҳия  беш аз 45 иншоот ба истифода дода мешаванд.

Аз ҷумла, дар маркази ноҳия- шаҳраки Шайдон дар се сол сохтмони 21 иншоот, аз ҷумла, давоми соли 2018  8 иншоот ва мумфаршкунии қариб 1000 м роҳи маркази ноҳия бо маблағгузории буҷети вилоят ва чароғонкунии кӯчаи асосии маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар ҷамоати калонтарини ноҳия- Ҷамоати деҳоти Понғоз низ давоми се сол 23 иншоот, аз ҷумла, давоми соли 2018 – 6 иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, чун ба истифодадиҳии  пули назди МТМУ №4, таъмири ҷории 15 км роҳи  Шайдон-Понғоз ва сохтмони майдони варзишӣ дар маҳаллаи Шаҳрак ва Навбунёди ҷамоат дар назар аст.

Ҳамзамон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди ҳаммому  сартарошхона, кошонаи ҳусн, афзоиши майдони боғҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ ва истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, таъминоти аҳолии деҳаҳо бо оби босифати ошомиданӣ ба нақша гирифта шудааст.

Рӯҳбаландии сокинони ноҳия аз корҳои ободонӣ

 Имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Ашт аз раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳия бо пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, мекӯшанд то дар ин амали хайру савоб баҳри ободии диёри худ камари ҳиммат банданд. Аз ҷумла, зимни суҳбат чанд тан аз сокинон андешаҳои худро чунин баён доштанд.

Сарҳад Ҷӯраев, ронандаи таксӣ, сокини шаҳраки Шайдон, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар иброз медорад, ки давоми 3-4 соли охир дар шаҳраки Шайдон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияву вилоят корҳои бунёдкорӣ дучанд авҷ гирифта, имрӯз он ба яке аз шаҳракҳои ободу хуррами шимоли кишвар табдил ёфтааст. Ба гуфтаи мавсуф, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия пас аз ба истифода додани боз беш аз 20 иншоот намуди шаҳрак аз ин ҳам бештар ободу зебо мегардад.

Ҳабибулло Муҳиддинов, омӯзгор, соҳибкор аз деҳаи Понғоз маҳз аз ҷумлаи нафаронест, ки чанд сол пеш дар назди мактаби зодгоҳаш бинои иловагӣ бо 5 синфхона барои 100 нафар хонанда бунёд намуд. Ин марди наҷиб дар рӯзҳои ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз як бинои нави иловагӣ бо 6 синфхона ва як ҳуҷраи омӯзгорон ба истифода дода, бо ин амали хайри худ азм дорад баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тадриси толибилмони мактаби  маҳаллааш саҳмгузор бошад. Ӯ ният дорад дар оянда як толори варзишии наздимактабӣ низ бунёд намояд.

Хуршед Фарҳодзода, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ориён вобаста ба раванди корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ иброз медорад, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯзҳо дар ҷамоати мазкур дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷтимоиёту иқтисодиёт корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо мардуми ҷамоат саъю талош доранд, то минбаъд бо саҳмгузории соҳибкорони маҳалла, сокинон ва кумитаи волидайн дар бунёди иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоӣ ширкат намуда, баҳри ободии маҳалли зисти худ саҳмгузор бошанд. Аз ҷумла, дар давоми се соли наздик дар ҳудуди ҷамоат ба истифодадиҳии 19 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 10 иншоот бо дастгирии соҳибкорон ва тариқи ҳашар бунёд карда мешавад.

Рушди иқтисодиёти ноҳия дар заминаи ташкили коргоҳҳои нав

 Яке аз самтҳои асосии дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рӯ ба рушд ниҳодани ноҳияи Ашт- ин иртиботи бемайлон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ бо насби таҷҳизоти замонавӣ ба ҳисоб меравад. Мисоли равшани он, дар яке аз коргоҳҳои калонтарини ноҳия ҶСК “Кони намак” пас аз насб кардани таҷҳизоти нави хориҷии намакистеҳсолкунӣ бо усули буғронӣ истеҳсоли маҳсулот афзуда, дар ин замина дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхона ба хориҷи кишвар ба миқдори 195,0 тонна намаки ошӣ ба маблағи  10,2 ҳазор доллари амрикоӣ содирот гардидааст.

Инчунин дар ин давра бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ ташкили 3 коргоҳи нави саноатӣ низ самараи худро дод. Аз ҷумла, дар шаҳраки Шайдон аз ҷониби ҶСК “Зардолу ва компания” коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 20 ҷои корӣ ва насби 10 адад  таҷҳизоти дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсолии дӯхти 8000 адад либос дар як сол ва соҳибкор О. Тошпулотова коргоҳи дӯзандагии “Гулдаст” бо 20 адад таҷҳизоти дӯзандагӣ  бо иқтидори истеҳсолии солонаи дӯхти 10000 адад либос бо 30 ҷойи корӣ ва аз тарафи ҶДММ “Хорои Хуҷанд” дар маркази ноҳия таъсиси коргоҳи коркарди “Санги хоро” бо иқтидори истеҳсолии 3000 метри мураббаъ маҳсулот дар як сол ва 20 ҷойи нави корӣ ба нишондиҳандаҳои истеҳсолии ноҳия нақши худро гузоштаанд.

Дар ин замина дар ноҳия баҳри таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти ноҳия, барои таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо истифодаи захираҳои дохилӣ, чун ташкили коргоҳи хиштбарорӣ ва коркарди шир бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ корҳо идома доранд. Боиси зикр аст, ки дар нимсолаи аввал аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар нисбат ба соли гузашта 221 тонна зиёд, дар маҷмуъ ба миқдори 1995 тонна меваҳои гуногун содирот гардидаанд, ки ин нишондод низ ба раванди рушди соҳаи истеҳсолот бетаъсир намонд. Дар ин замина ҳамчунин дар доираи иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” дар ноҳия аз ҳисоби заминҳои талу теппа ва ғайрикишоварзӣ дар майдони 175 гектар боғу токзори нав низ бунёд карда шудааст.

Вусъати корҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкорон

Имрӯзҳо лоиҳаи нақшаи генералии шаҳраки Шайдон бо дастгирии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Душанбешаҳрофар” омода гардида, дар ҳудуди маркази ноҳия бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон дар маркази ноҳия бо истифодаи захираҳои дохилӣ ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бинои замонавии  Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия ба тариқи ҳашар бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мазкур дуошёна буда, дорои 7 ҳуҷра ва 2 толори таълимӣ мебошад. Арзиши умумии бинои мазкур 982,8 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон низ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони роҳи нави автомобилгарди “Шайдон-Кулихуҷа-Мулломир” дар масофаи 2,4 километр бо арзиши 286,0 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Понғоз, Меҳробод ва Ориён бо дастгирии сокинону соҳибкорони маҳаллӣ 8 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ бо арзиши 1368,7 ҳазор сомонӣ бунёд кардашудааст.

Афзоиши маҳфилҳои ҳунарҳои мардумӣ

Имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  дар доираи иҷрои супориши Сарвари давлат доир ба эҳё ва рушд додани ҳунарҳои хос миллии мардумӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занону духтарони бекор ва хонашин ба ин  ҳунарҳо, дар ноҳия 28  марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз онҳо 20 марказҳои адрасу атласбофӣ ва 8 марказҳои қолинбофӣ бо фарогирии 26 нафар устодон ва 900 нафар шогирдон ташкил гардидааст. Ҳамзамон дар Маркази таълимии калонсолони ноҳия теъдоди гурӯҳҳои касбомӯзӣ ба 16 адад расонида шуда, имрӯз ба азхуднамоии ихтисосҳои «адрасу атлас», «бофанда», «кандакорӣ», «сӯзанидузӣ», «кафшергарӣ», «қаннод», «қолинбоф», «сабадбоф», «боғбон — гулпарвар» 180 нафар ҷавонон ва 26 нафар калонсолон ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо раванди вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия баръало нишон медиҳад, ки соҳибкорону сокинони ноҳияи Ашт, ки шумораи аҳолиаш 162,233 нафар буда, аз он беш аз 54000 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо бардошт аз нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат мекӯшанд дастаҷамъона дар ободонии макони зисти худ, кӯчаву маҳалла, деҳаву ҷамоати хеш саҳми шоён гузоранд.

Сентябрь 7, 2018 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд