АМАЛИЁТИ «ТАРТИБОТ» ДАР БАДАХШОН. Давоми 10 рӯзи охир 424 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
ХОРУҒ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бо мақсади пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ аз сӯи ронандагону пиёдагардон ва таҳияву ба танзим овардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воситаҳои нақлиёт амалиёт ҷараён дорад.
Бозраси калони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВМКБ Хосият Гулзорхонова ба хабарнигори минтақавии «Ховар» гуфт, ки амалиёти «Тартибот» мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, зимни баргузории он ҳам аз ронандагон ва ҳам аз пиёдагардон талаб карда мешавад, ки дар асоси қонун ва кодекси мазкур амал намоянд.
Онҳое, ки аз доираи ин талабот берун мебароянд, ба муҷозот кашида мешаванд. Танҳо дар даҳ рӯзи охир, яъне аз 8 то 18 сентябр 424 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, 8 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бидуни иҷозатномаи махсус, 1 ҳолати маст идора кардани мошин, 16 ронанда бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат намудан, 25 мошин ба иллати аз санҷиши техникӣ нагузаштан, 23 ҳолати итоат накардан ба аломатҳои роҳ ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин минвол 344 мошини дигар бо сабаби надоштани рақамҳои давлатӣ ва рақамҳои кишварҳои хориҷию худсохт боздошт гардиданд.
Ба гуфтаи Хосият Гулзорхонова, давоми даҳ рӯз 19 адад воситаи нақлиёт мавриди санҷиши техникӣ қарор дода шуд ва нисбат ба 37 ронанда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардида, ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ба шаш нафар ронанда иҷозатномаи махсус, ки маблағи он 15 ҳазор сомониро ташкил дод, супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






