ҚАРИБ НИМ МИЛЛИОН НОМГӮЙ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА МОЛҲОИ ТИББӢ, КИ САЛОМАТИИ АҲОЛИРО ЗЕРИ ХАВФ МЕГУЗОШТАНД, АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТА ШУДАНД. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳо меандешад

Сентябрь 26, 2018 14:02

ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ,   паст кардани сатҳи беморӣ,  фавти модару кӯдак, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа ҳамеша сухан гуфта, солимии миллатро боигарии давлат номидаанд. Сарвари давлат бахусус зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш- 1 сентябри соли равон дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кормандони соҳаи тибро ба софдилию поквиҷдонӣ ва эҳтиром ба касби худ даъват намуданд.

 Дар ин радиф тамоми сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз  сохторҳое мебошад, ки  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи тандурустии кишвар ҳамаҷониба татбиқ намуда, баҳри ободии ҷомеа ва сиҳатмандии тамоми сокинони мамлакат  талош меварзад.

Мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА оид ба фаъолияти ин сохтор ва корҳои анҷомдодаи он дар соли равон бо сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон БЕКМУРОДЗОДА    суҳбат анҷом дод.

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳлилу баррасии иштибоҳҳои тиббӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва фаъолият дар самти назорати санитарию эпидемиологӣ  тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ба гуфтаи ӯ, давоми ҳашт моҳи соли  равон  дар 441  муассисаи тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуда, вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.  Зимни  санҷишҳо  нисбат ба 294 нафар кормандони тандурустӣ ба маблағи умумии 236 ҳазору 300 сомонӣ муҷозоти маъмурӣ татбиқ карда шуда, фаъолияти 33 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошт карда шуд.

«Айни ҳол  дар ҷумҳурӣ 681 адад  муассисаҳои хусусии тиббӣ    фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 25 нафар мутахассисони хориҷӣ ба фаъолияти гуногуни тиббӣ машғул мебошанд.   1 ҳазору 520  нафар мутахассисон аз санҷиши тахассусии Комиссияи маркази аттестатсионӣ гузашта, ба онҳо сертификати мутахассис дода шуд. Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби довталабон барои машғул шудан ба фаъолияти тибби хусусӣ 41 адад дархостҳо ба унвонии Хадамот ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор доранд»,- гуфт ҳамсуҳбат.

Дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 359 адад муассисаи фармасевтӣ  фаъолият менамоянд,  ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 541-тои онҳо аз санҷиш гузаронида шуд.

«Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтӣ ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ ба миқдори 409 ҳазору 959 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат буданд, аз муомилот гирифта шуданд. Инчунин 50 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда ба миқдори 141 ҳазору 832 адад то ба бозори фармасевтӣ баромадан аз ду анбори ғайриқонунӣ дарёфт гардида, гирифта шуданд»,- зикр намуд Султон Бекмуродзода.

Зикр шуд, ки аз нуқтаҳои савдо ва анборҳои маводи ороишию гигиенӣ 588 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта ва 51 ҳазору 809 адад бе сертификати мутобиқат дар асоси санад аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

Дар ин давра 105 ҳазору 285 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кўдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгўй набуда бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуданд.

Ба иттилои мусоҳиб, дар ҳашт моҳи соли 2018 382 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ,  табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ  тартиб дода, ба маблағи умумии 841 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Баҳри бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 231 амрнома дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ҷавоб гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Султон Бекмуродзода, фаъолият дар самти назорати санитарию эпидемиологии омўзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи сипаригардидаи соли равон нишон медиҳад, ки сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо  ва тоун  ба қайд гирифта нашудаанд.

Соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 16 ҳодисаи заҳролудшавии шаҳрвандон вобаста ба маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 47 нафар шаҳрвандон сироят ёфта, аз онҳо 4 нафарашон фавтиданд.

Таҳлилҳои эпидемиологӣ нишон медиҳанд, ки сабаби асосии ба қайдгирии ҳодисаҳои заҳролудшавӣ- ин истеъмоли маҳсулоти консервашудаи дар шароити хона тайёршуда ва замбурӯғҳои заҳрнок мебошад. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Ҳарчанд назорат аз ҷониби мақомоти дахлдор пурзӯр бошад ҳам, ҳар як фардро мебояд, ки зимни хариду истифодаи маводи доруворӣ,  ороишию гигиенӣ ё  ғизои кўдакона  ҷиддиву эҳтиёткор бошад. Дар сурати ошкор намудани маводи дорувории пастсифату қалбакӣ ё муҳлаташ гузашта   шаҳрвандон метавонанд  ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар диҳанд.

 

Сентябрь 26, 2018 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд