БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН-2018: ҳайати дастаи мутахаби Тоҷикистон ба 3 нафар расид
ДУШАНБЕ, 8.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо роҳхат гирифтани шиновари тоҷик Анастасия Тюрина дар Бозиҳои III олимпии наврасон-2018 шумораи ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба 3 нафар расид.
Федератсияи байналмилалии шиноварӣ номзадии варзишгари 16-солаи кишвар Анастасия Тюринаро дар Бозиҳои олимпии наврасон тасдиқ намуд.
Анастасия дар Бозиҳои олимпии наврасон дар намуди шиноварӣ ба масофаи 50 метр ба тарзи озод ва 50 метр ба парвона (butterfly) иштирок мекунад.
Мавриди зикр аст, ки Анастасия сеюмин варзишгари Тоҷикистон аст, ки барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2018 роҳхат ба даст меорад. Пеш аз ин Бежан Файзуллоев аз намуди тирандозӣ (10 метр аз таппонча) ва Сулаймони Ҷамшед аз намуди дзюдо (то вазни 66 кг) ҳаққи иштирок дар мусобиқаи мазкурро пайдо карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли ҷорӣ бо иштироки 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон дар шаҳри Буэнос-Айреси кишвари Аргентина доир мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






