БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 10

Сентябрь 8, 2018 10:20

ДУШАНБЕ, 8.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои осиёии соли 1998 ( Asian Games)  давраи XIII Бозиҳои осиёист, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд аз 6-ум то 20-уми декабр баргузор шудааст.  Аловуддин  БӮРИЕВ шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» шарҳашро  идома медиҳад.

27 сентябри соли 1990 шаҳри Бангкоки Таиланд  маротибаи чорум мизбони Бозиҳои XIII осиёӣ интихоб гардид. Барои гузаронидани ин Бозиҳо шаҳрҳои Тайбейи Чин ва Ҷакартаи Индонезия низ мубориза бурданд. Шӯрои олимпии Осиё ва аъзои он-кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиё таҷрибаи пурғановати шаҳри Бангкоки Таиландро ба назар гирифта, бартариро ба он шоён донистанд. Натиҷаи овоздиҳии ба 20-10-7 баробар шуд. Бангкок пештар солҳои 1966, 1970 ва 1978 ин Бозиҳоро доир карда буд.

Дар мусобиқаҳои индафъаина низ мисли ду Бозиҳои охир дастаи мунтахаби Чин мақоми аввалро сазовор шуд. Варзишгарони Корея ва Япония зинаҳои ифтихории минбаъдаро ба худ ихтисос доданд. Мизбони мусобиқа –Таиланд рекорди худро иваз карда,  24 медали тилло ба даст овард.

Дар Бозиҳои XIII осиёӣ 6654 варзишгар аз 41 давлати Осиё аз рӯи 36 намуди варзиш иштирок кард. Рамз ё худ тилисми Бозиҳо  — фил интихоб гардид. Дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар расми ифтитоҳи Бозиҳо ширкат кард, вале дар мусобиқаҳо иштирок накард.

Мутаассифона, варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба гирифтани медалҳо мушарраф нагардиданд.  Дилшод Назаров дар ин бозиҳо гурзро ба масофаи 63 метру 91 сантиметр партофта, дар зинаи 7-ум ҷойгир шуд. Аввалин чемпиони олимпӣ аз Тоҷикистон –Андрей Абдувалиев, ки ба Ӯзбекистон рафта буд, дар ҳайати он даста бо нишондоди 77 метру 14 сантиметр соҳиби ҷои дуввум ва медали нуқра гардид.  Дар давидан ба масофаи 100 метр аз Тоҷикистон Александр Козлов иштирок карда, зинаи охиринро ба даст овард. Дар бораи дигар варзишгарони иштирокдори  Бозиҳои 13-уми осиёӣ аз Тоҷикистон  ҷустуҷӯ идома дорад.

Дар Бозиҳои 13-уми осиёӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ ширкат варзид. Футболбозони мо аввал ба гурӯҳи «Д» шомил шуда, бо дастаҳои мунтахаби Қатар ва Малдив қувва озмуданд. Дар вохӯрии аввал бо дастаи мунтахаби  Малдив Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Тӯбҳоро Тоҳир Мӯминов (1:0, 21 –ум дақиқа), Зокир Бердиқулов (2:0,65) ва Дмитрий Салтсман (3:0, 69) ба нишон расониданд.

Дар вохӯрии дуввум бо дастаи мунтахаби Қатар футболбозони тоҷик бо натиҷаи 2:1 мағлуб шуданд. Тӯбро аз дастаи Тоҷикистон Шӯҳрат Ҷабборов дар дақиқаи 90-ум аз пеналтӣ ба нишон расонд. Дар натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои даври дуввум роҳхат гирифт ва ба гурӯҳи 3-юм бо дастаҳои мунтахаби Чин, Эрон ва Уммон бо ҳам омад.

Дар ин гурӯҳ афзалияти дигар дастаҳо ба чашм расид. Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Чин футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:1 (Забиров, 55), Эрон 5:0 мағлуб шуданд ва бо Уммон натиҷаи мусовии 3:3 –ро (Ҷабборов, 11, Мӯминов, 25, 68) комёб гардида,  дар гурӯҳ соҳиби зинаи охирин шуданд. Аз ҳама аҷиб он буд, ки агар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Уммон натиҷаро мусовӣ намекард, дастаи мунтахаби Эрон аз гурӯҳ ба даври дигар намегузашт ва чемпиони Бозиҳои осиёӣ намегардид.

Натиҷаи медалҳо

ҶОЙ  ДАВЛАТҲО  ТИЛЛО  НУҚРА  БИРИНҶӢ  ҲАМАГӢ
1 Чин 129 78 67 274
2 Ҷумҳурии Корея 65 46 53 164
3 Ҷопон 52 61 68 181
4 Тайланд 24 26 40 90
5 Қазоқистон 24 24 30 78
6 Тайбэйи Чин 19 17 41 77
7 Эрон 10 11 13 34
8 ҶХД Корея 7 14 12 33
9 Ҳиндустон 7 11 17 35
10  Узбекистон 6 22 12 40
11 Индонезия 6 10 11 27
12 Малайзия 5 10 14 29
13 Гонконг 5 6 6 17
14  Кувайт 4 6 4 14
15 Шри-Ланка 3 0 3 6
16 Покистон 2 4 9 15
17 Сингапур 2 3 9 14
18 Қатар 2 3 3 8
19 Муғулистон 2 2 10 14
20  Мянма 1 6 4 11
21 Филиппин 1 5 12 18
22  Ветнам 1 5 11 17
23  Туркманистон 1 0 1 2
24 Қирғизистон 0 3 3 6
25 Урдун 0 3 2 5
26 Сурия 0 2 4 6
27 Непал 0 1 3 4
28 АМА 0 1 1 2

Сентябрь 8, 2018 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд