БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 6
ДУШАНБЕ, 02.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Ҳиндустон-шаҳри Делҳӣ (Delhi) баъд аз Банкоки Таиланд, дуввумин шаҳре шуд, ки Бозиҳои осиёиро маротибаи дуввум мизбонӣ кард. Агар Банкок чор маротиба маркази давраи Бозиҳои осиёӣ шуда бошад, пас Делҳии Ҳиндустон аз паси он мерафт. Руҷуъи шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ.
Бозиҳои осиёӣ ё худ Азиада давра ба давра шӯҳарату шаҳомати худро на танҳо дар қораи Осиё , балки берун аз он ҳам баланд мебардошт ва сокинони сайёра ба он таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекарданд.
Соли 1982. Давраи баргузории Бозиҳои ҳаштуми осиёӣ аз 19-уми ноябр то 2 –юми декабр муқаррар гардид. Бори аввал дар таърих Бозиҳои осиёӣ таҳти роҳбарии ташкилоти нави варзишӣ, бо номи Шӯрои олимпии Осиё, ки навтаъсис буд, гузаронида шуд. Ҳашт Бозиҳои пешинаи осиёӣ зери парчами Федартсияи бозиҳои Осиё сурат гирифта буданд. Расми кушоиши Бозиҳо дар варзишгоҳи
(Jawaharlal Nehru Stadium) Ҷавоҳарлал Неҳру бо ширкати Президенти Ҳиндустон Заил Синҳ (Zail Singh)роҳандозӣ шуд. Дар мусобиқоти имсола 3411 варзишгар аз 33 давлати Осиё иштирок карданд ва иштироки занону бонувон низ дар он бештар гардид. Ин навбат таносуби иштироки байни мардону занони варзишгар ба 2793 марду 618 зан баробар шуд.
Бозиҳои ҳаштуми осиёӣ дар таърихи варзиши қитъа боз навгонии дигареро ворид карданд. Агар дар 8 бозиҳои пешинаи Азиада ҳамеша варзишгарони Япония аксари медалҳоро ба даст оварда, дар ин нишондод пешсаф буданд, акнун Ҷумҳурии Халқии Хитой рақиби асосии онҳо гардид ва пешсафиро ба худ ихтисос медод. Ба маънои дигар шери жаёне, ки мағлуб карданаш номумкин буд, аз хоби гарон хест.
Падидаи дигаре, ки дар амал пиёда шуд, ин пахши Бозиҳо тавассути телевизорҳои ранга буд. Аз тарафи дигар тимсоли Бозиҳо ҳам пайдо шуданд ва тилисм-нишони он-фил Аппу интихоб гардид.
Дар Бозиҳои ҳаштуми Осиё варзишгарон аз рӯи 21 намуди варзиш бо ҳам рақобат карданд. Аз ҷумла, аз рӯи намудҳои варзиши аспсаворӣ, голф, ҳандбол, қаиқронӣ ва чавгон миёни бонувон мусобиқаҳо доир шуданд. Шамшербозӣ аз барномаи бозиҳо гирифта шуд, аммо дар бозиҳои баъдӣ, дар Сеул аз нав ба барнома ворид гардид.
НАМУДҲОИ ВАРЗИШ
· Бадминтон
· Баскетбол
· Бокс
· Вазнбардорӣ
· Варзиши сабук
· Велосипедронӣ
· Волейбол
· Гимнастика
· Гуштин
· Заврақронӣ
· Камонварӣ
· Теннис
· Тенниси рӯи миз
· Тирпаронӣ
· Футбол
· Шиноварӣ
Натиҷаи қувваозмоиҳо
Аз 33 кишвари иштирокдор ба 22 давлат муяссар шуд, ки соҳиби медалҳо шаванд. 10-тои дигар бе ҷоиза ва медал монданд, ки ба ин қатор Непал, Бангладеш, Амороти Мутаҳидаи Араб, Мянма, Лаос, Малдив, Шри-Ланка, Уммон, Ямани Шимолӣ ва Ямани Ҷанубӣ шомил буданд.












Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






