БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 7
ДУШАНБЕ, 03.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 10-уми осиёӣ аз 20-уми сентябр то 5 октябри соли 1986 дар шаҳри Сеул — пойтахти Кореяи Ҷанубӣ гузаронида шуданд. Ин шаҳр мебоист бозиҳои шашумро дар соли 1970 мизбонӣ мекард, аммо аз тарси мудохилаи Кореяи Шимолӣ ва амнияти варзишгарон Сеул аз гузаронидани Бозиҳо худдорӣ кард ва он бо маблағгузории Кореяи Ҷанубӣ дар Банкок сурат гирифт. Тафсири Бозиҳои осиёӣ ё худ Азиада — аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ.
Шӯрои олимпии Осиё чор сол пеш Бозиҳои осиёии нӯҳумро дар шаҳри Делҳии Ҳиндустон ба шаҳамоту шукӯҳ ва ташкилии бесобиқа роҳандозӣ кард ва ҷилави гузаронидани Бозиҳои осиёиро ба дасти худ гирифт. Акнун кишварҳое, ки мехостанд Азиадаро дар пойтахташон бинанд, зиёд шуданд.
Кореяи ҷанубӣ, ки бозиҳои 10-уми Осиёро ба ҳайси мизбон истиқбол мегирифт, ба Бозиҳои нӯҳуми осиёӣ, ба Ҳиндустон 406 нафар намояндагони худро фиристод, то биёмӯзанд ва таҷриба гиранд. Аз тарафи дигар Кореяи Ҷанубӣ соли 1988 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамчунин мизбони Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ низ интихоб шуда буд. Масулиятро эҳсос карда роҳбарияти ин кишвар дар назди худ мақсад гузоштанд, то бо таҷрибаандӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ин чунин менедҷмент дараҷаи Бозиҳоро боз ҳам ба арши аъло бардорад.
Бозиҳои 10-уми осиёӣ оғоз нагардида як қатор давлатҳо онро ба сиёсат кашиданд ва барои гузаронидани он дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бойкот эълон карданд. Ба ин қатор Кореяи Шимолӣ, Муғулистон, Ветнам, Лаос, Камбодия, Бирма, Сурия, Афғонистон, Ветнами Ҷанубӣ, ва Бруней шомил буданд. Ҷумҳурии Халқии Хитой ба онҳо ҳамроҳ нашуд. (Матлаб он аст, ки гурӯҳи давлатҳои байкоткардаро сотсиалистӣ ном бурдаанд ва Хитойро боистӣ, ки ба он гурӯҳ шомил шавад, зерро сотсиалисӣ буд. А.Б.)
Бозиҳои осиёии 10-ум зери фишор қарор доштанд. Таҳдид аз ҳар тараф эҳсос мегардид. Мутаасифона аввалин амали терористӣ ҳам дар бастагӣ ба Бозиҳои осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуд. Пеш аз оғози Бозиҳои 10-ум дар фурудгоҳи байналмилалии Гимбо ( Gimpo International Airport), 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Сеул терористе (ҷосус) автомашинаро тарконд ва дар натиҷа панҷ нафар ҷон бохтанд.
Расми кушодашавии Бозиҳои 10-уми осиёӣ 20-уми сентябри соли 1986 дар варзишгоҳи Олимпии Сеул бо ҳузури Президенти Кореяи Ҷанубӣ Чон Ду Хван баргузор гардид. Дар Бозиҳо 4839 варзишгар аз 27 давлат ширкат намуда, аз рӯи 27 намуди варзиш мусобиқа оростанд. Бори дуввум дар Бозиҳои осиёӣ варзишгарони Хитой бо касби 222 медал сазовори зинаи аввал гардиданд. Хушбахтона дигар унсурҳои зӯроварӣ ва таҳдид рух надоданд.
НАМУДҲОИ ВАРЗИШ
- Аспсаворӣ
- Бадминтон
- Баскетбол
- Бокс
- Боулинг
- Вазнбардорӣ
- Варзиши сабук
- Велосипедронӣ
- Волейбол
- Гимнастика
- Голф
- Гуштин
- Дзюдо
- Заврақронӣ
- Камонварӣ
- Қайиқронӣ
- Таеквондо
- Теннис
- Тенниси рӯи миз
- Тирпаронӣ
- Тӯббозӣ дар об
- Футбол
- Хоккей дар рӯи алаф
- Ҳандбол
- Ҷаҳиш ба об
- Шиноварӣ
- Шамшербозӣ
Натиҷаи медалҳо
Аз 27 давлати иштирокдор танҳо 5 давлат- Бутан, Малдивы, Амороти Мутаҳидаи Араб, Ямани Ҷанубӣ ва Шри-Ланка медал ба даст наоварданд.











Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






