БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 8

Сентябрь 5, 2018 11:14

ДУШАНБЕ,5.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар қитъаи Осиё соли 1986 аввалин Бозиҳои зимистонаи Осиё гузаронида шуданд ва минбаъд истилоҳи “тобистона” ба  Бозиҳои осиёӣ ворид гардид. Дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ,  дар фасли зимистон, дар моҳҳои январ то даҳаи аввали моҳи март  осиёиҳо аз намудҳои варзиши зимистона бо ҳам мусобиқа меоростанд. Албатта ин мавзӯъи дигар аст, аммо ин масъала низ тавзеҳ мехоҳад.  Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ   шарҳи худро идома медиҳад.  

Сабаби асосии ёдовар шудани Бозиҳои зимистонаи Осиё он аст, ки то имрӯз дар ҷаҳон (ба ғайр аз баъзе аз расонаҳои  Россия) ягон кишвар Бозиҳои осиёиро “тобистона” нагуфтааст ва намегӯяд. Агар  ёд карда бошанд ҳам, ангуштшуморанд. Маъмулан Бозиҳои осиёӣ (тобистонае, ки мегӯянд) дар фасли зимистон низ барпо мегардиданд (Бозиҳои I, II, III дар баҳор, V, VI, VIII, IX, XIII дар зимистон , танҳо дар як моҳи тобистон бо гузариш ба тирамоҳ Бозиҳои IV, XVIII доир шудаанд. А.Б.). Дар навиштаҳои қисме аз рӯзноманигорони тоҷик низ аз “тобистона” будани Бозиҳои осиёӣ ёд мешавад ва аз ин рӯ  хуб мешуд, ки онро мисли аслаш -Бозиҳои осиёии холӣ нависанд ва ё бигӯянд (بازی‌های آسیایی).

Бозиҳои осиёии XI-умро бори аввал дар таърихи худ Ҷумҳурии Халқии Хитой мизбонӣ кард. Он аз 22-юми сентябр то 7-октябри соли 1990 дар пойтахти ин кишвар-шаҳри Пекин баргузор шуд. Рамз ё худ тилисми он- Панда интихоб гардид. Бозиҳои осиёӣ аз калонтарин мусобиқае буданд, ки дар Чин гузаронида шуданд. Дар мусобиқа 6122 варзишгар аз 37 кишвари Осиё ширкат кард. Ба Тайван (Тайбей) иҷозат дода шуд, ки бо номи Ҷумҳурии Чин дар Бозиҳо иштирок кунад. Бозиҳои осиёӣ барои Ҷумҳурии Халқии Хитой мусоидат карданд, ки дар интихоби ҷои Бозиҳои олимпии соли 1988 кӯмак расонанд.

Бозиҳои XI –и осиёӣ, ки дар соли 1990 гузаронида шуд, талафоти бузурге дод. Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Фаҳд Ассабоҳ дар натиҷаи ҳуҷуми Ироқ ба Кувайт кушта шуд ва Шӯрои олимпии Осиё муаққатан то анҷоми ҷанг миёни Ироқ ва Кувайт (1991) ба Британия кӯчонида шуд.

Дар давраи Бозиҳо 7 рекорди ҷаҳонӣ (6-то дар тирпаронӣ, 1-то дар велосипедронӣ), 89 рекорди Осиё ва 1 рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Боз 11 рекорди дигари Осиё такрор гардид.

Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Бозиҳои осиёӣ  60 дар сади медалҳои тиллоро аз худ карда дар маҷмӯъ 34 дар сади медалҳоро ба худ ихтисос дод.

НАМУДҲОИ ВАРЗИШ

·         Бадминтон
·         Баскетбол
·         Бокс
·         Вазнбардорӣ
·         Варзиши сабук
·         Велосипедронӣ
·         Волейбол
·         Гимнастика
·         Голф
·         Гуштин
·         Дзюдо
·         Заврақронӣ
·         Кабодда
·         Камонварӣ
·         Қайиқронии академӣ
·         Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ
·         Тенниси рӯи миз
·         Сепактакрау
·         Софтбол
·         Теннис
·         Тирпаронӣ
·         Ушу
·         Футбол
·         Хоккей дар рӯи алаф
·         Ҳандбол
·         Шиноварӣ

Намудҳои намоишӣ
·         Бейсбол
·         Тенниси нарм

Дастовард ва натиҷаҳо

Сентябрь 5, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд