БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 9

Сентябрь 6, 2018 09:06

ДУШАНБЕ,6.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1994. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ харитаи Бозиҳои осиёӣ фарохтар гардид. Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо низ баъди ба даст овардани истиқлолият   ба қатори давлатҳои Осиё шомил шуд.  Идомаи шарҳи Бозиҳои осиёӣ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев  пешкаш мегардад.  

Истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки Кумитаи олимпии худро соли 1992 таъсис диҳад ва баъди як сол ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё ворид гардад. Соли 1994 аввалин Бозиҳои осиёӣ буданд, ки варзишгарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар он ширкат варзиданд. Баъди 20 соли танаффус Камбоҷа ба Бозиҳо баргашт, аммо аз сабаби ҷанг дар Халиҷи Форс Ироқ ба Бозиҳои 12-ум наомад.

Бозиҳои 12-уми осиёӣ аз 2-юми то 16 октябри соли 1994 дар шаҳри Ҳирошимаи Япония баргузор шуданд. Бори аввал Бозиҳо дар пойтахт не, балки дар яке аз шаҳрҳои кишвари мизбон сурат гирифтанд. Сабаби асосии дар Ҳирошима гузаронидани Бозиҳо он буд, ки 49-сол пештар ин шаҳри азим аз бомбаи атомӣ осеб дида буд ва японҳо бори дигар гуфтани буданд, ки сулҳу салоҳ мояи ифтихору тараққӣ аст ва биёед бо ҳам дӯсту рафиқ бошем.

Дар Бозиҳо 6 828 варзишгар аз 42 давлати Осиё дар 34 намуди варзиш иштирок кард. Бори аввал намудҳои варзиши бейсбол, каратэ ва панҷҳарбаи муосир ба барномаи бозиҳо ворид карда шуданд.

Аввалин медали Бозиҳои осиёиро аз Тоҷикистон Исроил Исмоилов дар намуди варзиши карате (кумите, Kumite) дар вазни то 80 килограмм ба даст овард ва сазовори ҷои сеюм шуд. Дар ин вазн Тошиҳито Кокобун аз Япония мақоми аввал ва Нур Шамсӣ аз Сурия мақоми дуюмро касб намуданд.

Паҳлавони тоҷик дар ришатаи ҷудо (judo) Хайрулло Назриев ба гирифтани дуюмин медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ сарфароз гардид. Ӯ дар зӯрозмоиҳо дар вазни то  86 килограмм бо Ким Сук-кю аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ҷои сеюм шуд. Дар ин вазн Ёшио Накамура аз Япония медали тилло ва Сергей Алимҷанов аз Қазоқистон  медали нуқраро ба сабади дастовардҳояшон зам намуданд.

Намудҳои Варзиш

Аспсаворӣ
Бадминтон
Баскетбол
Бейсбол
Бокс
Гуштин
Боулинг
Вазнбардорӣ
Варзиши сабук
Велосипедронӣ
Волейбол
Гимнастикаи варзишӣ
Голф
Дзюдо
Заврақронӣ
Кабодда
Камонварӣ
Каратэ
Қайиқронии академӣ
Қайқронӣ дар каноэ
Панҷҳарбаи муосир
Сепак такро
Софтбол
Таеквондо
Теннис
Тенниси рӯи миз
Тирпаронӣ
Футбол
Хоккей дар рӯи алаф
Ҳандбол
Ҷаҳиш ба об
Шамшербозӣ
Шиноварӣ

Натиҷаи медалҳо

 

 

Сентябрь 6, 2018 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд