Д. МЕДВЕДЕВ, САРВАЗИРИ РОССИЯ: «ДУШАНБЕ ХЕЛЕ ЗЕБО ШУДААСТ». Таассуроти меҳмонону сайёҳон баъди боздид аз пойтахти Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2018 11:59

ДУШАНБЕ, 26.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017  иброз дошта буданд, ки  шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин дастуру супоришҳои  Пешвои миллат ва ҷаҳду талоши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  пойтахти мамлакати мо  — шаҳри Душанбе  ба яке аз шаҳрҳои зебою пешрафтаи Осиёи Марказӣ табдил  ёфта,  таваҷҷуҳи   бештари сайёҳонро ба худ  ҷалб  менамояд.

Бояд гуфт, ки дар  ду соли охир  пойтахти  Тоҷикистон  дар ин самт  ба дастовардҳои  зиёд ноил гардид ва Душанбе ба шаҳри  писандидаи  сайёҳону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки  аз ҷониби Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид  ва  сарпарастии соҳаи мазкурро  Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар уҳда гирифтааст.

Тибқи  иттилои  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди ин соҳа барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки  дар ростои иҷрои онҳо қарор аст то соли 2020 беш аз 1  миллион  сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.

Меҳмонону сайёҳони хориҷӣ пас  аз  тамошои шаҳри Душанбе   таассуроти неки худро баён менамоянд. Аз ҷумла,  Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев  31 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омад.  Ӯ ҳангоми дидор  бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз дошт, ки  басо рамзист, ки аввалин сафари хориҷии вай баъди аз нав ба ҳайси Раиси Ҳукумати ФР таъйин шуданаш маҳз ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Д.Медведев  тағйироти солҳои охири шаҳри  Душанберо махсус  зикр  кард. «Ман ба Душанбе  ворид шудаму  дидам, ки шаҳр хеле зебо ва бароҳат шудааст. Симои  дигар гирифтани пойтахт аз хизматҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»,- афзуд номбурда.

Директори Бюрои «Радиои Озодӣ» (Радио Азаттык) дар Бишкек  Султон Қаназаров, ки чанде пеш  дар  Душанбе  қарор дошт, баъди баргашт ба ватанаш дар сомонаи  ин радио  14 сентябри соли равон   матлаберо бо номи «Тасвири Душанбе аз нигоҳи як нафар бишкекӣ»   ба нашр расонидааст. Дар ин  сафаргуфтааш хабарнигори қирғиз таассуроти худро аз ин сафар  баён намуда,  дар он аксҳои бардоштаашро ҷой додааст.

Султон Қаназаров дар ин матлаб, аз ҷумла, нигоштааст, ки «Ман ба Душанбе  бисёр сафар кардаам, вале  аз сабаби камии вақт онро фақат аз тирезаи мошин тамошо мекардам. Ин дафъа фурсат пайдо намудам, ки  дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе сайру гашт  ва бо мардумонаш   суҳбат намоям, барои эҳсоси набзи ин шаҳр ба бозор равам».

С.Қаназаров  аз  бунёди хонаҳои баландошёнаи зиёд дар Душанбе, ки сохтмони онҳо босуръат  ҷараён дорад,  боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр,  истироҳати сокинон бо аҳли хонаводаашон дар ин маконҳои фарҳангӣ,  табиати ҳамешасабз, хӯрокҳои рангорангу болаззати тоҷикӣ дар тарабхонаҳо барои  ҳамватанонаш қисса намудааст. Ӯ дар ин маврид, аз ҷумла, нигоштааст: «Ҳар касе, ки ба  Тоҷикистон меравад, аз гуногунии навъи хӯрокҳо дар он ҷо ба ҳайрат меафтад. Дар ин ҷо  шурӯъ  аз   хӯрокҳои миллӣ то ба итолиёвӣ  дастрас аст».

Ба қавли Султон Қаназаров,  қурутоб,  палави тоҷикӣ ва  думшӯрбо  болаззаттарин хӯрокҳои тоҷикӣ   буда,  ба ӯ   бозори “Меҳргон” бисёр писанд омадааст. Номбурда онро бозори пӯшида, мармарӣ, сетабақа ва мисли супермаркет номида, иброз намудааст, ки дар  ин бозор  маҳсулоте, ба мисли навъҳои гуногуни анҷир, харбузаву тути хушк ва дигар маҳсулотеро дидааст, ки онҳо дар бозорҳои  Бишкек дида намешаванд.

Султон Қаназаров   дар ин сафаргуфта  ҳамчунин таъкид доштааст, ки Душанбе босуръат рушд меёбад ва раисии ин шаҳрро Рустами Эмомалӣ, ки фарзанди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   мебошад,  ба уҳда дорад. Пайдост, ки Раиси шаҳр аз таҷрибаи бойи падари бузургвораш меомӯзад.   Рӯзноманигор матлабашро бо чунин  даъват  ба   фарҷом расонидааст:   «Ба Душанбе биёед, аз ҳавои офтобӣ, мардумони кушодачеҳрааш ва меваҳои шаҳдбораш ҳаловат баред!»

Даҳаи аввали моҳи сентябри соли равон  дар саммити навбатии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, ки 7 — 9 сентябри соли равон дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд, ки ин далели гуфтаҳои боло мебошад.

Дар ин ҳамоиш  роҳбарони федератсия, намояндагони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, як қатор шаҳрҳои аъзои  WTCF, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносону олимони соҳа аз тамошои пойтахти тоҷикон —  Душанбеи ҳамешабаҳор, табиати зебою афсункор, мардуми меҳмоннавоз,  хуррамии  боғу гулгаштҳо,  ҳифзи ҳуқуқу амният, мавзеъҳои сайёҳӣ,  инфрасохтори муносиб, анвои хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар бартариятҳояш ба ваҷҳ омада, ба он баҳои баланд доданд.

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи ҳамин  дастовардҳо  буд, ки байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкурро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Раиси шаҳри Чиндао  Менг Фанли имзо карданд.

Тавре  дар сомонаи агентии таҳлилии «Тур Стат» -и Россия  хабар дода шудааст, дар   натиҷаҳои ҳамапурсии ин агентӣ  аввали соли  равон   пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Қабл аз ин ҳам расонаҳои Россия аз афзоиши тамоюли шаҳрвандони ин кишвар барои сафари туристӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Чанд рӯз пеш ҳам,   Агентии таҳлилии сайёҳии «TourStat» шаҳрҳои машҳуртарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) барои сафари тирамоҳии сайёҳони рус пешниҳод намуд.

Ин дафъа низ Душанбе дар қатори Минск, Остона, Боку, Ереван, Тошканд, Алмаато, Бишкек, Кишинев  ва Ашқобод ба даҳгонаи аввали шаҳрҳои машҳуртарини ИДМ барои сафари тирамоҳӣ шомил шуд.

Раддабандии мазкур  аз рӯи натиҷаҳои таҳлилии сафарҳои сайёҳӣ дар тирамоҳи соли 2018 тартиб дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки   дар асоси пажӯҳиши  яке аз ширкатҳои бонуфузи  амрикоии  «MasterCard»   маҷаллаи сайёҳии  «34travel»   раддабандии шаҳрҳои  ояндадори сайёҳиро  ба нашр расонид. Дар ин раддабандӣ  пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар байни 5 шаҳри  дорои имкониятҳои фарох барои сайёҳӣ мақоми аввалро соҳиб гардид. Дар ин раддабандӣ   шаҳри София –пойтахти Булғория, Бухарест–пойтахти Руминия, шаҳри Касабланкаи Марокко ва Бостони ИМА низ қарор доранд.

Маҷаллаи сайёҳии  «34travel»    дар шарҳи  интихоби Душанбе ҳамчун шаҳри  дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ  ба мақоми аввал нигоштааст, ки «иқлими кӯҳсори ин шаҳр  ҳавои тозаву форам ва  оромбахш  аст. Шаҳри Душанбе соли 2015 назар ба соли пешин  ду маротиба зиёдтар сайёҳонро қабул намудааст.  Дар оянда имкони қабули  аз ин теъдод  чандин маротиба зиёди сайёҳонро  дорад» .

            Рухсораи НУР,
            АМИТ «Ховар»

 

 

Сентябрь 26, 2018 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад