Дар Бадахшон бунёди 18 пул ба маблағи беш аз 160 миллион сомонӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 18 пул ба маблағи беш аз 160 миллион сомонӣ оғоз мегардад. Ҳоло Ҳукумати мамлакат барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ доир ба бунёду навсозии шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб — Кулма, қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ — Кулма, роҳҳои мошингарди Хоруғ – Роштқалъа -Чавшангоз ва сохтмони пулҳо дар ин роҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят 15 сентябр дар шаҳри Хоруғ изҳори андеша намуданд.
Зикр шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори роҳу нақлиёти вилоят имрӯзҳо корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ барои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ, ки масофаи он 92 километр ва арзиши лоиҳавиаш ду миллиард сомонӣ мебошад, идома доранд.
Бино ба таъкиди Роҳбари давлат, танҳо дар се соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 33 миллион сомонӣ равона гардида, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо бо техникаи зарурӣ таъмин карда шудаанд. Ҳукумати кишвар пешбинӣ намудааст, ки ба ин мақсад дар се соли оянда боз 50 миллион сомонӣ равона намояд.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ВМКБ аз як гӯшаи муддати тӯлонӣ дар бунбасти нақлиётӣ қарордошта ба гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳоло қариб 1300 километр роҳҳои вилоят аҳамияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт ва 6 пул бо се кишвари ҳамсоя мепайванданд.
«Танҳо тавассути гузаргоҳи Кулма ҳар сол ба ҳисоби миёна 8-10 ҳазор воситаи нақлиёт ва зиёда аз 150 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун мегузарад. Баъди кушодашавии ин гузаргоҳҳо ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард дар даҳ соли охир ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар вилоят се баробар афзоиш ёфтааст»,-зикр карданд Президенти мамлакат.
Умуман, ба таъкиди Пешвои миллат, дар ин давра бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 120 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба истифода супорида шуда, ҳоло корҳо дар 26 километри дигар ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ оғоз гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.
Сафари кории Президенти мамлакат дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 15 сентябри соли 2018 идома ёфта, дар доираи он бо роҳбарону фаъолон мулоқотҳои самимию созанда доир карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






