Дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал 3000 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд

Сентябрь 21, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  дар майдони қариб 9 гектар корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, дар минтақаи мазкур  аз  ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ  9 корхонаи нави саноатӣ  бунёд мегардад, ки  дар  онҳо  дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ба иттилои манбаъ,  калонтарин корхонаи дар минтақаи мазкур  бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии ин  корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

«Дар минтақаи мазкур ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос,  истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, коркарди сангҳои ранга ва худҷило,  истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки   дирӯз, 20 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи  саноатии шаҳри Душанбе  оғози расмӣ бахшиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла, тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии Душанбе технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», «Шаҳзода», «Грин Голд», «Норд Азия Металл», «Асрори Санг», «Ноқили Талко» ва «Технологияи барқӣ ва бехатарӣ» ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Сентябрь 21, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад