Дар пойтахт Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябри соли 2018 Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори дахлдор, гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи мазкур таъсис дода мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба Рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин: ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар шаҳри Душанбе, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе дар мавриди вазъи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.
Дар қарори Раиси шаҳр ҳамчунин аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш карда мешавад, ки аз 14 то 22 сентябри соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 24 сентябри соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 даъват карда мешавад.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






