Дар шаҳри Хоруғ Ҷоми Президенти ФФТ ҷамъбаст гардид

Сентябрь 5, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз намуди футболи хурд ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқаи мазкур давоми як моҳ 24 даста дар майдоне, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи мамлакат Рустами Эмомалӣ чанде пештар ба истифода дода шуда буд, бо ҳам мусобиқа карданд.  Зӯрозмоиҳо хеле пуршиддат ва ҷолиб сурат гирифта, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даврҳои плей офф роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа дар вохӯрии ниҳоӣ футболбозони дастаи «Бархоруғ-1» бар дастаи «Тирчид» бо натиҷаи 6:1 ғолиб омада, сазовори мақоми аввал гардиданд. Барои ҷои сеюм дастаи «Бархоруғ-2» бар «Шошхоруғ» бо нишондоди 5:2 пирӯз гардида, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар расми пӯшидашавии мусобиқа роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ФФТ ширкат варзиданд.

Маблағи ҷоизавии мусобиқа 16 000 сомониро ташкил медод.  Барои соҳиби ҷои аввал 8 000 сомонӣ, ҷои дуюм 5 000 сомонӣ ва мақоми сеюм 3 000 сомонӣ тақдим шуд.

Дар ҷамъбаст Далер Саидгулов- дарвозабони беҳтарин («Бархоруғ-1»), Файзен Раҳматшоев-  бозингари беҳтарин («Тирчид») ва Қувватбек Равшанбеков- нишонзани  беҳтарин эълон гардида, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар ин маросим ФФТ ба мураббиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки соли гузашта имтиҳонҳои мураббигиро муваффақона супориданд, литсензияҳои «С» ва «В» супорид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаро чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон-дастаи  «Истиқлол»-и Душанбе сарпарастӣ кард.

Сентябрь 5, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд