ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе бародаршаҳрҳои фаъол мебошанд

Сентябрь 27, 2018 12:24

ДУШАНБЕ, 27.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз баимзорасии  «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» 25 сол пур шуд. Аҳдномаи  мазкур  24  майи соли 1993 аз ҷониби сарони ҳарду давлат ба имзо расидааст.

Бояд зикр кард, ки дар  доираи  ин ҳамкорӣ   бародаршаҳрии Санкт-Петербург   ва  Душанбе мавқеи  хосса дорад.

Шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд.

30 апрели соли 1999 Созишномаи нав байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин ҳамкорӣ  25 сентябри соли  2017   ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанги ин шаҳр  ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омада буд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина  мулоқот карда,  ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Душанбе ва Санкт-Петербургро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфрасохтори шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз иқтидори мавҷуда изҳори назар карданд.

Дар фарҷоми мулоқот Протокол ба Созишнома байни Маъмурияти Санкт-Петербург ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ аз 28 апрели соли 1999 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии он барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки  25 сентябри соли 2017  бо иштироки Анна Митянина ва Маҳмадсаид Зувайдзода дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид  Зувайдзода зикр кард,  ки  ҳамкории гуногунҷабҳаи сохторҳои марбутаи пойтахти мамлакатамон  бо пойтахти шимолии Федератсияи Россия — шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоли густариш қарор дошта, тарафҳо баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд, тадбирҳои муассир роҳандозӣ менамоянд.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зикр кард, ки «санкт-петербургиҳо ба фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки дар муҳорибаи Ленинград иштирок намуда, барои аз фашистон озод намудани ин шаҳр ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меоранд. Дар лавҳаи фахрии шаҳри Санкт-Петербург сабт гардидани номи Тӯйчӣ Эрйигитов ва Ҳабиб Юсуфӣ далели абадан пос доштани хотираи ин ҷанговарони шуҷои тоҷик аст».

Игор Лякин-Фролов ҳамчунин зикр кард, ки халқи рус, бахусус петербургиҳо фаромӯш намекунанд, ки халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ сокинони аз оташи ҷанг паноҳбурдаи шаҳри онҳоро  бародарвор қабул намуда, як бурда нонашонро аз онҳо дареғ надоштанд. Онҳо барои ин аз тоҷикон сипосгузоранд.

«Дар Душанбе ҳам осори ҳамкории деринаи  Санкт-Петербург ва шаҳри Душанбе ҳувайдост. Тарҳи сохтмони бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба меъмори санкт-петербургӣ тааллуқ дорад»,- афзуд Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина зикр кард, ки  барои дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни  ду бародаршаҳр — Санкт-Петербург ва Душанбе тамоми шароит фароҳам омадааст ва барои тавсеа ёфтани онҳо монеае вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи ин ҳамкорӣ аз 12 то 14  июли соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ҳайати шаҳри Душанбе давоми ду рӯз дар ин шаҳр як зумра суҳбату мулоқот анҷом дода, бо фаъолияти марказҳои тиббӣ, фарҳангӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои коммуналӣ ва хизматрасонии шаҳр шинос шуд.

Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург бо мулоқоти ҳайатҳои расмии ҷонибҳо  дар Кохи таърихии Смолний, ки маъмурияти Санкт-Петербург дар ин бино ҷойгир аст, оғоз гардид.

Ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзодаро ноиби Губернатори шаҳри Санкт- Петербург Сергей Мовчан ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи бародаршаҳрӣ ва ҳамкории судманд миёни Душанбе ва Санкт- Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифта,  ҳар ду ҷониб доир ба тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, тандурустӣ, хӯроки иҷтимоӣ, нақлиёту коммуникатсия, хизматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмону меъморӣ мубодилаи афкор карданд.

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони  Душанбе ва Санкт-Петербург баргузор гардид, ки зимни  вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш ва омӯзиши таҷрибаи якдигар мубодилаи афкор карданд. Соҳибкорони ҳар ду шаҳр ҷиҳати ба роҳ мондани тиҷорати дуҷониба ва мубодилаи молу маҳсулот ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт- Петербург дар толори театри «Санкт-Петербург Опера» баргузор гардид.

Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, дӯстдорони савту навои рӯҳбахши тоҷикӣ, сокинони касбу кори гуногун ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.

Хотиррасон мешавем, ки шаҳри Душанбе бо пойтахти Федератсияи Россия низ паймони ҳамкорӣ дошта, 13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Москва Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ ба тасвиб расидааст.
29 ноябри соли 1996 дар шаҳри Москва байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Созишномаи нав оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ имзо карда шуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2018 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид
«БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН». Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалишавии он дар пойтахт ба тавсиб расид
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». 1 феврал барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии ройгон ташкил мешаванд
Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид