Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёиро бо 7 медал ҷамъбаст кард

Сентябрь 4, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия тӯли 15 рӯз идома карданд, бо маросими пуршукӯҳ шоми  2 сентябр ба анҷом расиданд. Дар ин маъракаи муҳташам беш аз 11 ҳазор варзишгарон аз 45 кишвари қора иштирок доштанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуданд, варзишгарон барои 465 маҷмӯи медалҳо оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.

Дар ин бозиҳо дастаи  мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 289 медал (132 тилло, 92 нуқра ва 65 биринҷӣ) мақоми аввал касб намуд.

Дастаи мунтахаби  Япония бо касби 205 медал (75-56-74) дар мақоми дуюм ва  дастаи  мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 177 медал (49-58-70) дар мақоми сеюм қарор гирифтанд. Ба даҳгонаи аввал инчунин дастаҳои мунтахаби  Индонезия бо 98 медал (31-24-43), Ӯзбекистон бо 70 медал (21-24-25), Эрон бо 62 медал (20-20-22), Тайпейи Чин бо 67 медал (17-19-31), Ҳиндустон бо 69 медал (15-24-30), Қазоқистон бо 76 медал (15-17-44) ва Кореяи Шимолӣ бо 37 медал (12-12-13) дохил шуданд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ бештар аз 100 касро ташкил медод, ки 81 нафарашон варзишгар буданд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 16 намуд – бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнониву румӣ, камонварӣ, каратэ, кураш, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, самбо, таэквондо WTF, тирандозӣ, ушу, футбол, дзюдо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ ширкат варзиданд. Чор медали нуқраро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гӯштини кураш дар вазни то 81 кило, Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 ва Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд. Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар намудҳои дзюдо ва самбо дар вазни то 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба дзюдо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.

Баъд аз анҷоми Бозиҳои Осиё-2018  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани 7 медал – 4 нуқра ва се биринҷӣ дар зинаи 30-юми раддабандии мусобиқаи Бозиҳои осиёӣ ҷой гирифт.

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 то кунун ҷойи 23-юм дар Бозиҳои 14-умини осиёӣ дар Инчон мебошад. Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 бори ҳафтум ширкат карданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Сентябрь 4, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд