ДАСТОВАРДИ НОДИРИ СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар ин бора – гузориши таҳлилии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода

Сентябрь 8, 2018 10:47

ДУШАНБЕ, 08.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 7 сентябр,  Маркази исломшиносӣ дар назди Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявиро бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Дастоварди нодири солгарди Истиқлолият» баргузор намуд, ки дар он гузориши илмӣ-таҳлилии директори Марказ Файзулло БАРОТОЗОДА    шунида шуд. Баъд аз анҷоми  гузориш кормандони илмии Марказ дар атрофи бандҳои асосии он муҳокимаронӣ, баҳсу мунозира ва пурсу посух доир намуданд. Матни пурраи гузориш дар зер оварда мешавад. 

Маънои аслии мафҳуми Истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтору тасар­ру­фи озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити киш­ва­ри ободро дорад. Вале аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст. Аммо аз нуқтаи назари сиёсӣ истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназ­зами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутси­ониро ифода менамояд.Ҷанбаимуҳими соҳибихтиёрӣбарои ҳар як давлати соҳибистиқ­лол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субйекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Мушарраф шудан ба ин рўйдоди хотирмон ва тулўи офтоби гарму форами санаи мубораки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ омадааст. Имсол дар ин рўзи фараҳбахш тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ ҷашни 27-умин солгарди онро дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон таҷаллову таманно, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарўҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои тоза ба тоза нав ба нав пешвоз гирифта истодаанд.

Бояд гуфта шавад, ки тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол корҳои ободонию созандагӣ як раванди бесобиқа ва ифодакунандаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандўстӣ пайдо намудааст. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани обйектҳои таъйиноти инфра­сохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дошта имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳво­лии сокинони кишвар, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмўъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рўзи баршумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари истиқлоли тоҷик шукўҳу шаҳомати беназири худро афзун мегардо­над.

Вақте ки дар бораи руш­ди мустақилона дар даврони истиқлолият сухан доир мешавад, бегумон самтҳои барозанда ва меҳварии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳу­рӣ пеши назар ҷилвагар мешавад.

Яке аз онҳо соҳибӣ карда тавонистани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он мебошад. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шўравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рўйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақи­ло­на фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субйектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субйективӣ ва обйективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале дар муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рўзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид. Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанўз дар ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ бозгў намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгўӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале иродаи дар муҳити хизмати нерўҳои баҳрӣ обутобёфтаи Сарвари тоҷикон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъули­ят­шиносӣ ва таваккул бар Худо карданро гўё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии ҷумҳурӣ ҳам буд. Сулҳи беназири тоҷикон миллатро монанди пўлод обутоб дода, ба мисли гўшту нохун муттаҳид кард. ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун субйекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналми­ла­лӣ эътироф гардид ва номи тоҷику Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон абадулобод ҷойгузин шуд.

Самти дигар иборат аз он аст, ки кишвари мо воқеан худро ҳамчун давлати иҷтимоӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонист. Зеро эҳёи илму маориф, фарҳанги миллӣ, танду­рус­тӣ ва варзишу сайёҳӣ ҳамрадифи корномаҳои истиқлолиятхоҳии ҷумҳурии мо будааст. Дар марҳалаи нахустини фазои соҳибис­тиқ­лолӣ зарбаи нахустин болои ҳамин соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ фурў рехт. Маблағгузорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии марказӣ дар ин соҳаҳо аз фондҳои умуми­иттифоқӣ қатъ гардида буд, вале дар доираи имкониятҳои буҷаи ҷумҳурӣ барои таъминоти ин соҳаҳо пешбинии маблағҳо мушкилоти зиёде доштанд. Илова бар ин, дар солҳои нооромӣ раванди таълим дар баъзе ноҳияҳои кишвари мо гирифтори ҳолати буҳронӣ гардиданд. Дар шароити нав, аз як тараф, таъмини маблағгузории ин соҳаҳо ва аз тарафи дигар, ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ намудани барнома ва сохтори илму маориф ва фаъолияти муасисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ ба миён омад. Мо тавонистем муассисаҳои таълимӣ ва илмии навро ифтитоҳ намуда, фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем, тавассути бозсозии муассисаҳои тандурус­тӣ ва варзишӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пирўзиҳои варзишгарона­монро баланд бардорем. Муҳимтар аз ҳама мо дар тамоми умури коргузорӣ ва идоракунӣ мақоми забони тоҷикиро «боз боло бурда, бар курсӣ нишонидем» ва онро зеби авранг кардем. Роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ рушди ин соҳаҳоро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, сол ба сол дастовардҳои худро афзун гардонида истодааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки тўли ҳар сол, ба хусус дар арафаи ҷашни истиқлолият чандин муассисаҳои дорои таъйиноти инфрасохтории иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истифода дода мешавад. Ба фаъолият оғоз кардани теъдоди зиёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бемористонҳо дар саросари ҷумҳурӣ ба як амали ҳамешагию муқаррарӣ мубаддал гаштааст. Ин ҳама навгониҳо самараи меҳнату заҳмат ва фидокориҳои роҳбарияти олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Дастоварди муҳими сеюмро эҳёи арзиш­ҳои моддӣ ва маънавии таърихи пурифтихори ниёгон ва ба манфи­ат­ҳои фарҳанги миллию динии муосир созгор намудани он ҳисобидан мумкин аст. Соҳибихтиёрӣ сабақ дод, ки бе донистан ва дуруст омўхтани гузашта бунёди рўзгори имрўза ва муайян намудани уфуқҳои рушди оянда имконнопазир аст. Ин ҷанбаи муҳими фаъолияти иҷтимоӣ дар доираи консепсияи «гузашта, ҳозира ва оянда» комилан дуруст ба роҳ монда шудааст, ки таъмини фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодӣ дар қаламрави кишвар дар шароити кунунӣ маҳсули ранҷҳои дар ин самт сипарикардаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Таҷлили зодрўзи ниёгон ва чорабини­ҳои дигари марбут ба эҳёи таъриху фарҳанги гузашта дар тарбияи рўҳияи ватандўстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир гузоштанд. Корҳои дар ин самт анҷомёфта барои арзишҳои волои миллӣ ва динии миллати тоҷик дар матни фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хубе устувор  карданд. Чунин иқдомҳо ҳамчун пули пайвандгари арзишҳо, суннатҳо ва муқад­да­соти мондагор аз гузаштаи дур бароитаъмини имрўзу ояндаи дурахшон пазируфта шуданд.

Дигар аз дастовардҳои беназири замони истиқлолият ба ҳам пай­вас­тани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ, яъне минтақа­ҳои аз ҳам ҷудои сепораро ба кишвари воҳид табдил додан мебошад. Ин масъала тавассути бунёд намудан роҳҳои оҳан ва мошин­гарди дохилӣ, нақбу пулҳо, хатти интиқоли барқ ва табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ таҳаққуқ мепазирад. Дар ин замина дўстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо густариш ёфт, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳан­гӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст. Табодули молу ашё ва маҳсулоти кишоварзӣ байни шаҳру ноҳияҳои шимолу ҷануб ва шарқу ғарби кишвари азизамон нишон дод, ки дар масъалаи интеграсияи иқтисодии дохилӣ ҳанўз захираҳои фаровон вуҷуд доранд. Истифодаи самараноки ин захираҳо потенсиали иқтисодии давлатро қавитар мегардонад.Ҳамин ба ҳам омаданҳо ва тоза шинохтанҳои ҳамдигар рушди бемайлони сохтмону ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ба таҳрик даровард. Дар заминаи таъсиргузории ҳамдигарӣ симои пойтахт, маркази вилоят­ҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар аз нигоҳи меъморӣ комилан тағйир ёфт ва бунёди биноҳои зиёди таъйиноташон гуногун ба инфрасохтори иҷтимоии ҷумҳурӣ тарҳе нав барандохт. Зиёд шудани сохтмони давла­тию хусусӣ ба дигаргун шудани вазъи зиндагӣ ва некўаҳволии мардум мусои­дат кард, ифодагари беҳтар шудани имкониятҳои молия­вии онҳо гардид ва яқинан созандагиро бар сўзандагӣ пирўз гардонид.

Аммо таҳияи стратегияи се ҳадафи асосии рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникат­сионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро бояд дастовард ва бозёфти муҳимтарин дар таърихи навини Тоҷикистон ҳисобид. Бояд гуфта шавад, ки маҳз ба шарофат ва файзу баракати истиқлолиятбарои ноил гардидан ба ин мақсадҳои наҷиби рушди ояндаи кишварамон як қатор пешравиҳо ба даст овардаем ва фаъолиятисозандаву корнамоиҳородаринсамтҳо идома дода истодаем. Истиқлолиятиэнергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ваба таъбири Пешвои милллат «масъалаиҳаёту мамот» ба шумор меравад. Ин ҷо танҳо лоиҳаи мушта­ра­ки CASA-1000-ро бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шудан басанда аст. Бунёди нерўгоҳҳои хурду бузург дар дарёҳои бешумори Тоҷикистон амри воқеист ва арзандатарин лоиҳаҳои ҷавобгў ба талаботи олами муосир мебошад. Зеро эҳтиёҷоти бошандагони Замин ба нерўи экологии обии барқӣ бемайлон рў ба афзоиш дорад. Раҳоӣ аз бунбасти коммуни­кат­си­онӣ бошад дар равобити мо бо кишварҳои ҷаҳон пайванди ногусас­танӣ мебахшад. Сохтани роҳҳо ва таъмини рафтуомади муттасил бо чаҳор гўшаи олам инфра­сох­тори иқтисодӣ ва иҷтимоии моро тағйир дод ва кишвари калидии чорроҳаи транзитӣ будани моро дар минтақа собит кард. Воқеияти зиндагӣ дурустии наздикӣ ҷустани моро бо кишвари Чин комилан тасдиқ намуд. Ҳаминро гуфтан кофист, ки ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қўрғон­теппа-Кўлобро воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ «рўйдоди муҳим дар ҳаёти кишвари хурде чун Тоҷикистон» баҳогузорӣ намуда буданд. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди парвариши меваю сабзавот, бунёди сардхо­на­ҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба шиносномаи маҳсулоти кишоварзии мо сифати «аз нигоҳи экологӣ тоза»-ро замима кард. Рафти корҳо дар ин самт умедвор месозад, ки дар оянда мо ҳам талаботиаҳолироба ин маҳсулот қонеъ гардонем ва ҳам содироти онро ба хориҷ афзун намоем. Бояд ба эътибор гирифт, ки як қисмати умдаи сайёҳон ба хотири тановули маҳсулоти болаззати аз нигоҳи экологӣ тоза ва дидани манзараҳои табиати фусункор раҳсипори кишвари мо мешаванд.

Аммо дастоварди нодири солгарди имсолаи Истиқлолият, ба анде­шаи мо, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани муносибатҳо байни Тоҷи­кистон ва Ўзбекистон мебошад. Ин дастоварди муҳим дуруст будани сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии моро дар муддати бештар аз 25 сол тасдиқ қард. Аз ҷониби дигар, ин тағйироти куллии муносибат­ҳо тамоми мушкилотеро, ки дар суитафоҳуми фарҳангӣ ва миллии тоҷи­кон ва ўзбекҳо вуҷуд дошт, тақрибан ба эътидол овард. Ҷанбаи сеюм дар он ифода меёбад, ки Ҷумҳурии Ўзбекистон бо ҳамаи чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ ҳаммарз аст. Ин чунин маъно дорад, ки рафтуо­ма­ди бе­ма­­мо­ниат дар ҳудуди Ўзбекистон ҳамгироии ҳамаи ҷумҳуриҳоро осон мегардонад. Ҷанбаи чаҳоруми муҳим бар он далолат мекунад, ки Ўзбе­кис­тон ба паймони худ содиқ буда, рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳоро таъмин намуданӣ аст ва ба масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ, саноатӣ ва тавлидотӣ дар байни ҳар ду кишвар бартарӣ медиҳад.Ва ниҳоят, қарор­дод­ҳои имзошуда, фазои болидарўҳии муносибатҳо ва рафтуомади бесо­би­қаи шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар самимӣ будани ин ниятҳоро комилан тасдиқ менамоянд. Дар ҷамъбасти ниҳоӣ умед бастан мумкин аст, ки татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асо­сии стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии ҶумҳурииТоҷи­кис­тон пешбинишудаактуалӣ ва манфиатбор будани худро барои ҳамаи киш­вар­ҳои Осиёи Марказӣ собит месозад.

Мо чунин мешуморем, ки акнун марҳалае фаро расидааст, ки саъю талошҳои нерўҳои созандаи воқеан ватандўства хайрхоҳ дар байни ҳамаи кишварҳои минтақа дастгирию пайравӣ пайдо кунад, то раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёт ва ҳамгироии фарогир насиби ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ва миллатҳои минта­қа гардад.

Сентябрь 8, 2018 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони ноҳияи Муъминобод пул месозанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати Турдии ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 15 км роҳи маҳаллӣ сангфарш гардид
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд