Эмомалӣ Раҳмон: «Бадахшон яке аз гӯшаҳои воқеан зебои Тоҷикистони маҳбубамон ба ҳисоб меравад»

Сентябрь 17, 2018 12:50

ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз ҳузури роҳбарону фаъолони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, намояндагони ҷавонону занон, падару модарон ва шахсони обрӯманду рӯзгордида мехоҳам бори дигар изҳор намоям, ки дастовардҳои то ба имрӯз ноилшудаамон аз худи мо мебошанд. Вазифаи мову шумо аз он иборат аст, ки ба хотири расидан ба дастоварду пешравиҳои боз ҳам бештар кӯшиш кунем, Ватанамонро ободу давлатамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободу осуда ва тараққикарда ба мерос гузорем. Ин матлабро зимни  суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ  дар мулоқот бо  роҳбарону фаъолони вилоят  баён намуданд.

Дар ин робита Президенти мамлакат ҳамчунин  иброз доштанд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои воқеан зебои Тоҷикистони маҳбубамон ба ҳисоб меравад. Ин сарзамини бостонӣ аз замонҳои қадим макони сайру саёҳат ва омӯзишу таҳқиқ буда,  садҳо олимону сайёҳон ва ҷаҳонгардон аз кишварҳои мухталифи олам доир ба таъриху фарҳанг, анъанаҳои мардумӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои ҷолиби он ҳазорҳо асару ёддоштҳои омӯзанда иншо кардаанд. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз низ дар ин гӯшаи сарзамини аҷдодиамон мардуми ватандӯсту қавиирода, сарбаланду фарҳангпарвар ва давомдиҳандагони анъанаҳои неки гузаштагони шарафмандамон кору зиндагӣ мекунанд.

Сарвари давлат бо изҳори боварӣ баён доштанд, ки «мардуми ин диёр бо ҳисси баланди ватандорӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши софдилона, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи биҳиштосои кишвар ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми арзандаи худро мегузоранд Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандории сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо барои ободиву пешрафти ояндаи Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талоши худро дареғ намедоранд».

Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти нав дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.

Сафари кории Президенти мамлакат дар як зумра шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 15 сентябри соли 2018 идома ёфта, дар доираи он бо роҳбарону фаъолон мулоқотҳои самимию созанда доир карда шуд.

Сентябрь 17, 2018 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ