Эмомалӣ Раҳмон: «Яке аз самтҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон-тақвияти ҳамгироии мутақобилаи давлатҳои иштирокдори ИДМ дар доираи СММ ба ҳисоб мерафт»
ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои фаъолияти пурсамар ва инъикоси тамоми чорабиниҳое, ки дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, изҳори сипос намуданд. Пешвои миллат ҳамчунин ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ИДМ барои омодасозии ҳуҷҷатҳо ва доир намудани нишасти Душанбе баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар доираи раёсаташ кӯшиш намуд, ки ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Консепсияи худ зикршударо сарбаландона татбиқ намояд.
«Бо мусоидати давлатҳои аъзо, Кумитаи иҷроия ва дигар мақомоти марбутаи Иттиҳод зиёда аз 100 чорабинии аҳамияти умумидошта, аз ҷумла 40 ҷаласаи шӯроҳои соҳаҳо доир карда шуданд, ки аксарашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Яке аз самтҳои афзалиятноки раёсати мо-тақвияти ҳамгироии мутақобилаи давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб мерафт»,-изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






