ФУТБОЛ: ғалабаи душвори «Истиқлол» бар «Кӯктош» муборизаро барои медалҳо боз ҳам шиддат мебахшад
ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии марказии даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо ғалабаи «Истиқлол» бар «Кӯктош» бо натиҷаи 3:2 ба анҷом расид. Ин натиҷа муборизаро барои медалҳои чемпионати имсолаи мамлакат боз ҳам пуршиддат хоҳад намуд.
Дар ҳузури 5 000 нафар тамошобинон футболбозои дастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» бозии ниҳоят ҷолиб нишон доданд. Аллакай дар сонияи 20-уми вохӯрӣ Нодирбек Иброҳимов-легионери ӯзбекистонии дастаи «Кӯктош» аз ҷониби довар корти зард гирифт, ки ин аз ҳама тезтарин корти зард дар мавсими имсолаи футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ мебошад.
Чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» -и Душанбе метавонист дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушояд, аммо зарбаи пеналтиро Аҳтам Назаров ба нишон нарасонид, аниқтараш дарвозабони дастаи «Кӯктош» Баҳовиддин Холиқов онро баргардонд. Соҳибони майдон дар дақиқаи 15-ум тавассути голи задаи Меъроҷ Музаффаров ҳисобро кушоданд. Дар анҷоми қисми якум Фатҳулло Фатҳуллоев ҳолати стандартиро бо зарбаи олӣ ба иҷро расонида, ҳисобро баробар кард ва дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 ба танаффус рафтанд.
Нимаи дуввуми вохӯрӣ боз ҳам ҷолибтар буд. Сараввал Идан Окран аз ҷазои 11-метра соҳибони майдонро аз нав ба сафи пеш баровад. Ду дақиқа нагузашта, Амирбек Ҷӯрабоев бори дигар ҳисобро мусовӣ гардонд.
Довари вохӯрӣ Гулмуроди Саъдулло маротибаи сеюм дар ин бозӣ зарбаи пеналтӣ таъйин кард ва ин навбат Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 81-ум тӯбро бе хато ба дарвозаи дастаи «Кӯктош» равон кард. Натиҷаи 3:2 ба «Истиқлол» шароит фароҳам овард, ки то баргузории бозии имрӯзаи дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «Талко Арена» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот барояд.
Имрӯз ба ғайр аз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд», инчунин дастаҳои «Хатлон» ва «Панҷшер» низ бо ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои даври 17 –ум 20 сентябр бо ҳузури дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» ба анҷом мерасад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 17-ум
«Кӯктош» – «Истиқлол» – 2:3
Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 15 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 45 (1:1). Идан Окран, 58 – аз пеналти (2:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 60 (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 – аз пеналти (2:3).
Пеналтиро ба нишон нарасонд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»), 4 – дарвозабон.
«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов (Ишмаэл Колотей, 68), Асилҷон Мансуров (Сироҷиддин Гулмуродов, 67), Принс Артур, Аҳтам Холбоев, Фахриддин Сафарзода, Шоҳназар Назаров, Одил Бобоназаров, Идан Окран, Абдурасул Раҳмонов (Азизбек Султонов, 72), Нодирбек Иброҳимов, Меҳроҷиддин Музаффаров.
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Шаҳром Сулаймонов (Мухаммадҷон Раҳимов, 17), Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Абдулмуминов, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 57), Шериддин Бобоев.
Огоҳӣ: Нодирбек Иброҳимов, Аҳтам Холбоев, Меҳроҷиддин Музаффаров, Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиҳлол»).
Аз майдон ронда шуд: Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), 88 –барои таҳқири довари майдон.
Бозингари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
Довар дар майдон: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).
18 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 5000 тамошобин.
19 сентябр (чоршанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Панҷшер» – «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
20 сентябр (панҷшанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Баркчӣ» – КМВА «Помир»
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 17 | 13 | 3 | 1 | 31-15 | 42 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 16 | 12 | 3 | 1 | 36-14 | 39 |
| 3 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 17 | 7 | 3 | 7 | 24-26 | 24 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 16 | 5 | 4 | 7 | 21-22 | 19 |
| 5 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 16 | 4 | 7 | 5 | 19-26 | 19 |
| 6 | «Хатлон» (Бохтар) | 16 | 5 | 3 | 8 | 17-20 | 18 |
| 7 | «Панҷшер» (ҶалолиддиниБалхӣ) | 16 | 2 | 6 | 8 | 12-22 | 12 |
| 8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 16 | 2 | 1 | 13 | 10-25 | 7 |
Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 , Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 , Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6 тӯб.









Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад






