ФУТБОЛ: дастаи «Регар-ТадАЗ» ба даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Сентябрь 28, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон   бар дастаи  футболи «Хатлон» -и Бохтар бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон миёни  дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Ду голи  дастаи  «Регар-ТадАЗ»-ро ҳимоятгар Ойбек Абдуғаффоров зад. Боз се голи дигарро Абдусамад Ҳоҷибоев, Наврӯз Рустамов ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи дастаи  «Хатлон»-ро Муҳаммад Насков ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дар бозии аввал низ дастаи «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ дастаи футболи  «Хатлон»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» чаҳорумин дастаи ширкаткунандаи даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон гардид. Пеш аз футболбозони Турсунзода дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе ба нимфинал баромада буданд.

Ҳоло дар нимфинал  дастаҳои  футболи «Истиқлол» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.

Бояд зикр  кард, ки баргузории бозиҳои аввали нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон 14-15 октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 17-18 октябр дар назар аст.

Сентябрь 28, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд