Гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил дода мешавад
ДУШАНБЕ, 04.09.2018 / АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз 28 апрели соли 2017 гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил дода мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино дар қитъаи замини масоҳаташ 4 гектар «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» номгузорӣ шуда, он ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Ҳамчунин тибқи қарори зикршуда, роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






