«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ МАНУ ТУСТ, БИЁ!». Дар Душанбе даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид

Сентябрь 24, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 24.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар қарори мазкур омадааст, ки дар асоси  Фармони зикршуда моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ  даъват карда  шаванд.

Тибқи қарори мазкур Комиссияи даъвати ҳарбии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда,  раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки комиссияҳои ноҳиявиро  таъсис диҳанд.

Ҳамчунин  дар асоси    қарори мазкур   Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  вазифадор гардидааст, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тибро, ки малакаи амалии кор дар ин комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намояд.

«Дар асоси ин қарор ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  супориш дода шудааст, ки   миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб  намоянд», — афзуд манбаъ.

Бо қарори мазкур ҳамчунин Раиси шаҳр раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои «Рӯзи даъватшаванда», тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

 

Сентябрь 24, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид