«ХОҲӢ, КИ ҶАВОНИАТРО НИГОҲ ДОРӢ, АСАЛ БИХӮР!». Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иди асал таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 15 сентябр дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Иди мазкур ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, он бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Тавре хабарнигорони АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ ва Шукӯҳи ДАЛЕР аз макони баргузории ин ид хабар медиҳанд, дар он беҳтарин занбӯрпарварони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни асал, занбӯрҳои асали зинда, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз он омода гардида, асбобу лавозимоти парвариш ва ба даст овардани ҳосили асал, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд.
Чорабиниро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ифтитоҳ намуда, тамоми занбӯрпарварон ва иштирокдоронро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Иди асал табрик намуд.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи занбӯрпарварӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст ва сол то сол шумораи оилаҳои занбӯри асал меафзояд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа мебошад. Имрӯзҳо кишварҳои хориҷӣ ба асали Тоҷикистон таваҷчуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарварӣ на танҳо аҳолии мамлакатро бо асал таъмин мекунад, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ мондааст.
Бояд гуфт, ки барои бошукӯҳ гузаштани ин ид озмуни асалпарвари беҳтарин эълон гаштааст ва Комиссияи тадорукот давоми рӯз ғолибони озмунро муайян карда, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз мегардонад.
Дар ин ид ба ғайр аз пешниҳоди асал ба хотири болидагии табъи иштирокчиён барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар бораи таърихи истифодаи асал олимон маълумоти бисёр дақиқ додаанд. Аз рӯи сарчашмаҳо, дар замонҳои қадим занбӯри асал дар холигии дарахтону ковокии сангҳо барои худ хона сохта, дар он асал ҷамъ менамуд. Бо мурури замон инсон ба хотири истифода аз асал тадриҷан ба парвариши занбӯри асал машғул гардид. Истифодаи асал дар Ҳиндустон, Чин, Бобул хеле барвақт, 50-60 миллион сол пеш сар шуда буд. Сарчашмаҳои таърихии римӣ, юнонӣ ва шарқӣ дар бораи асал ва хусусиятҳои давоии он маълумот додаанд. Табиби Рими қадим Педани Диоскрид (асри I то мелод) аз истифодаи муваффақонаи мумиё (таслит) ва асал дар муолиҷаи касалиҳои рӯдаю меъда ва ҷароҳатҳо ёдовар шудааст.
Табиби бузург Буқрот, ки 107 сол умр дидааст, асалро ниҳоят дӯст медошт ва дар тибби амалӣ асосан аз он истифода мебурд. Вақте аз олим Диоскрид сабаби дарозумриашро пурсидаанд, ӯ ҷавоб дод, ки «ба дарун асал, аз берун равғанро истифода мебарам».
Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) 1400 сол пеш асалро барои муолиҷаи беморон тавсия менамуд. Дар сураи 16-уми китоби Қуръони маҷид низ оид ба занбӯр ва асал маълумот дода шудааст.
Донишманди Шарқ Закариёи Розӣ ва олимони барҷастаи тоҷик низ аз асал ҳамчун мӯъҷизаи табиат ёдовар шудаанд. Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино 1100 сол пеш навишта буд: «Агар хоҳӣ, ки ҷавониатро нигоҳ дорӣ, асал бихӯр». Ӯ дар асарҳои ҷовидонаи худ «Ал-қонун», «Китоб-уш-шифо» дар бораи асал ва тарзҳои истифодаи он дар табобати бемориҳо иттилои хуб дода, асалу мумиё (таслит)-ро барои табобати рӯдаю меъда ва дигар касалиҳо истифода намудааст.
Олими шинохтаи тоҷик, табиби мардумӣ Ҳомидҷон Зоҳидов дар «Хазинаи тибби қадим» ва «Канзи шифо» таҷрибаи олимони гузаштаро дар бораи истифодаи асал ҷамъбаст намуда, аз таркиб, мизоҷ, хусусиятҳои давоӣ ва меъёри истифодаи он маълумот медиҳад. Ӯ асалро давои аксари бемориҳо ва ҷароҳатҳо ҳисобида, бо дили наҳор хӯрдани онро тавсия додааст.
Ҳамин тариқ, садсолаҳост, ки истифодаи асал дар тибби мардумӣ ва муосир диққати олимонро ба худ ҷалб намудааст. Аммо тибби амалӣ ба омӯзиши хосиятҳои табобатии асал аввалҳои асри 18 ва солҳои 50-уми асри 19 сар кард. Дар миёнаи асри 20 олимон таркиби химиявию физикии асалро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ин мӯъҷизаи занбӯри асал ва табиат буда, истифодаи он дар тиб аҳамияти калон дорад. Бино ба хулосаи табибон, дар таркиби асал фруктоза, сахароза, глюкоза, сафеда, намакҳои маъданӣ, туршиҳои органикӣ, миқдори ками об, витаминҳо, хулоса қариб 250 ферменту микроэлемент мавҷуданд.
Мувофиқи тадқиқотҳо, 70 %-и дарозумрони дунёро занбӯрпарварон ташкил медиҳанд. Истеъмоли асал ва маҳсулоти занбӯр сабабгори дарозумрии онҳо гардидааст. Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад. Ба онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150 килокалория аст. Асал хусусияти зиддибактериявӣ низ дорад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки асал бояд дар зарфҳои шишагӣ, чӯбӣ, сирдор ва сафолӣ нигоҳ дошта шавад. Инчунин зарфи асал бояд аз сабзавот, маҳсулоти нафтӣ, гиёҳҳои бӯйнок дуртар гузошта шавад. Зарфи асалдорро дар ҷои хушки барои пашша, мӯрча ва занбӯр дастнорас гузоштан лозим аст. Асалро дар равшании барқ, шуои офтоб, ба болои оташ гузоштан ва дар оби ҷӯшидаистода омехтан мумкин нест.
Дар тибби мардумӣ ва амалӣ асал воситаи беҳтарини табобати касалиҳои гуногун, аз ҷумла варами узвҳои нафаскашӣ, шуш, касалиҳои даҳону дандон, ангина, рӯдаю меъда, гинекологӣ, системаи асаб, камхунӣ, гурдаю роҳҳои пешоб аст. Инчунин ҳангоми латхӯрии дасту пой, рӯдаи ғафс, дарунравӣ, камхобӣ, ҷигар, дилу рагҳои хунгузар, мушаку пайвандҳо, фишори хун, ғадудҳои бодомшакли гулӯ, ғадуди сипаршакл асалро истифода бурдан мумкин аст. Имрӯзҳо дар тибби муосир ҳам доруҳое тайёр карда мешаванд, ки дар таркибашон асал доранд. Яъне тибби муосир низ асалро ғизо не, балки даво мешуморад.