Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ

Сентябрь 14, 2018 09:34

ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 14 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва сеошёна иборат мебошад.

Тибқи нақшаи кулл, бинои донишгоҳ дар маҷмӯъ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати қариб 15 гектар қомат афрохта, имрӯз бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супорида шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳҳо ба сифати корҳо ва шароити таълимии дар ин ҷо фароҳам сохта баҳои баланд доданд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос- омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд.

Айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯён аз 7 давлат- ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.

Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо омӯзгорон ва донишҷӯён изҳор доштанд, ки дар чунин шароити фароҳамгардида, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баробар аст, ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар равияҳои барои кишвари мо муҳим, омӯзиши замин ва муҳити атроф ва иқтисодиёт бештар машғул шаванд ва донишу малакаи худро мукаммал намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба воя расанд.

Таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешаванд. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва ҳамзамон барои ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои синфхонаи муосири таълим, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва ҳуҷраҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад.

Ҳамзамон барои ба варзиш ва обу тоби бадан машғул шудани донишҷӯён дар дохили бино маркази фитнес, тенниси рӯимизӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ амал мекунанд.

Дар баробари ин дар назди бинои донишгоҳ майдони варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва басткетбол инчунин толори болопӯшидаи варзишӣ сохта шудааст.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Бинои хобгоҳи донишҷӯён бо тарҳ ва намои муосир бунёд шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити будубош мебошанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, он барои донишҷӯёни тоҷик ва дар оянда омода намудани мутахассисони соҳибихтисос дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ фароҳам меорад.

Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 14.09.2018

Сентябрь 14, 2018 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад