Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Сентябрь 11, 2018 14:17

ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд.

Иншооти мазкур сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани иншооти мазкур бо барқ як трансформатори иқтидораш 250кВ, дизел-генератори иқтидораш 30кВт насб карда шудааст.

Ҳамчунин дар атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳҳо сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст.

Баъди ифтитоҳи бинои мақомот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 11.09.2018

Сентябрь 11, 2018 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон