Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ
ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд.
Бинои нав аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебою замонавӣ дар масоҳати 2033 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои 52 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон ва кормандони мақомот дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҳанӯз соли 2016 оғоз гардида буд ва бинокорону муҳандисони маҳаллӣ тавонистанд, ки дар давоми ду сол ин иншоотро бо сифати баланди меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дар ошёнаи 1-уми бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст, утоқҳои кории бахши занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраҳои техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи 2-юм ва 3-юми бино утоқҳои кории бахши сармоягузорӣ, муҳосиб, хазинадор ва толори хурди маҷлисӣ бо 48 ҷойи нишаст бунёд гардидаанд.
Бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, дорои имконоти муосири кору фаъолият мебошад ва дар иншоот барои таъмини гармӣ дар фасли сармо дегхона бо ду адад деги иқтидораш 100 кВт ва анбори нигоҳдории ангишт низ бунёд шудаанд. Ҳамчунин барои нигаҳдории воситаҳои нақлиёти хизматӣ мошинсарой ва истгоҳ сохта шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бори дигар кулли кормандонро бо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз онҳо иҷрои масъулиятҳои бардӯшдошта, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва садоқат ба давлату миллатро тақозо карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад






