Ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ — фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

Сентябрь 6, 2018 10:08

ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи “Асадулло Ғуломов” — и шаҳраки Ёвон дар вазъияти тантанавӣ бинои Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муҳими соҳаҳои маорифу тандурустӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 23 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Коллеҷ аз ду бинои 5-ошёна иборат буда, дар он 60 синфхонаи таълимӣ, 8 утоқи корӣ барои омӯзгорон, 8 утоқи кории мудирони кафедра, 8 маҷлисгоҳи хурду калон, 6 озмоишгоҳ, 2 китобхона, ошхона, бойгонӣ ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона сохта шудаанд.

Айни ҳол қабули омӯзгорон ва донишҷуён ба коллеҷ идома дорад. Дар ин ҷо 1440 нафар донишҷӯ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2016 дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Ёвон ва зимни ба истифода супоридани корхонаи истеҳсоли гаҷкартон, бинобар сабаби зиёд шудани корхонаҳои азими саноатӣ зарурати бунёди Коллеҷи техникӣ-технологӣ пеш омад.

Ҳамон вақт Сарвари давлат соҳибкоронро ба бунёди коллеҷи муосир ва дар ин замина, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй барои корхонаҳои саноатии кишвар ҳидоят карда буданд.

Ҳамин тавр бо ҳидояти Пешвои миллат корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, августи соли 2018 анҷом ёфтанд.

Дар вақти бунёди коллеҷ аксари масолеҳи сохтмонӣ аз худи корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр” таъмин карда шуда, таҷҳизот ва лавозимоти таълимӣ барои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ гардидаанд.

Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр” нақша доранд, ки оянда барои мукаммал кардани пойгоҳи Коллеҷи технологӣ- фармасевтии Тоҷикистон дар шафати он бо бунёди коргоҳи замонавӣ техника ва таҷҳизоти дорусозӣ ворид намоянд.

Баъди ифтитоҳи Коллеҷи техникӣ-фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии  ин муассисаи таълимӣ бо устодону донишҷӯёни коллеҷ ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон 06.09.2018

Сентябрь 6, 2018 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд