Ифтитоҳи Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб

Сентябрь 13, 2018 12:47

ДУШАНБЕ, 13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сараввал  дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Бояд тазакур дод, ки сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар самти дастрасӣ ба нерӯи барқ танқисӣ доштанд ва бо мавриди истифода қарор додани неругоҳ мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд.

Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 млн. метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо қулай мебошад.

Толори мошинҳо масоҳати 468 метри мураббаъро ташкил дода, он бо истифода аз конструксияи металӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва қобилияти хунукинигоҳдориро аз берун дошта, дар шароити ноҳияи Мурғоб мувофиқ мебошад.

Дар дохили толори мошинҳо ду адад агрегат васл шудааст, ки ҳар яки иқтидори истеҳсоли 750 кВт нерӯи барқро доро мебошад. Идоракунии дастгоҳҳо пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Кори таҷҳизоти он тавассути системаи “СКАДА” назорат ва идора карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар Нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки аз ин пас истифодаи самараноку оқилонаи нерӯи барқ дар ноҳияи Мурғоб таъмин карда шавад.

Нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеъи баландкуҳ баъди Нерӯгоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди неругоҳи барқии обии «Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

Яке аз ҳадафхои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини Истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва ин ҳадаф дар мамлакат марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолии кишвар дар Тоҷикистон баробари бунёду таҷдиди калонтарин неругоҳҳои барқии обӣ, сохтмони даҳҳо неругоҳҳои хурд пеш гирифта шуда, имрӯз аксари онҳо талаботи аҳолиро қонеъ менамоянд.

Ифтитоҳи Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб 13.09.2018

Сентябрь 13, 2018 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон