Имрӯз дар Ҳисор марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футбол миёни духтарони то 16-сола оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футбол миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз мегардад. Дар ин давр дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ барои ба даст овардани роҳхат ба даври навбатӣ мубориза мебаранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, қабл аз шурӯи ин давр, 14 сентябр дар меҳмонхонаи «Атлас»-и пойтахт ҷаласа баргузор гардид. Дар он менеҷерони дастаҳо, шахсони расмӣ, намояндагони Федератсияи футболи Тиҷикистон, инчунин кормандони хадамоти таъминкунандаи баргузории марҳилаи интихобӣ иштирок намуданд.
Аз рӯи ҷаласа ранги пироҳани варзишии дастаҳо муайян карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобӣ аз 15 то 23 сентябр баргузор гардида, ҳамагӣ 10 бозӣ гузаронида мешавад.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон нахустин бозии худро имрӯз, 15 сентябр ба муқобили дастаи Сингапур анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 19:00 оғоз мегардад.

Мутобиқи қоидаи мусобиқа, ғолибони 6 гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарине, ки дар марҳилаи аввали интихобӣ ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври навбатӣ, ки аз 23 феврал то 3 март баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати қаблии Осиё – ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония ба чемпионате, ки соли оянда дар Таиланд баргузор мегардад, роҳхати мустақим ба даст оварданд.

Иштирокдорони даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С»: ТОҶИКИСТОН, Таиланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ ва Сингапур.
Ҷадвали бозиҳои Чемпионат:
Даври 1-ум
15 сентябр (шанбе)
16:00 – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ – Эрон
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Сингапур
Даври 2-юм
17 сентябр (душанбе)
16:00 – Сингапур – Таиланд
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ
Даври 3-юм
19 сентябр (чоршанбе)
16:00 – Эрон – Сингапур
19:00 – Таиланд – ТОҶИКИСТОН
Даври 4-ум
21 сентябр (ҷумъа)
16:00 – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ – Таиланд
19:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5-ум
16:00 – Сингапур – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ
19:00 – Таиланд – Эрон
Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






