ИН ДАФЪА КӢ ДАСТБОЛО МЕШАВАД? Дар шаҳри Душанбе маротибаи шашум Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо доир мегардад

Сентябрь 12, 2018 14:31

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 октябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе   Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон доир мегардад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
Ин мусобиқа солҳои гузашта дар вазни мутлақ баргузор мешуд, имсол варзишгарон дар вазнҳои маъмулии гӯштини дзюдо миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг қувва меозмоянд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ мегарданд. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ғолибони ҷои аввал 10 000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ тақдим хоҳад кард.

Бояд  зикр кард, ки  Мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни  то  81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ  гӯштингири  тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардид. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯз шуд. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ  барои  Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 варзишгар  аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Ӯзбекистон), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ- ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон мизбонон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Ёдовар   мешавем, ки  5 октябри  соли 2017    дар варзишгоҳи навбунёди   шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида буд. Дар  мусобиқаи мазкур  паҳлавонон  аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг  байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов,  Акмалиддин Муродов,  Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ  карданд

Аз  байни ин  варзишгарони   маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  ғолиб шаванд.

Хотиррасон  менамоем, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик  Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг  бар ҳамаи рақибонашон ғолиб  омада,  ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар даври финалии мусобиқаи байналмилалӣ Саидҷалол Саидов ва  Комроншоҳи Устопириён  байни ҳам рақобат намуданд. Саидҷалол Саидов Комроншоҳи Устопириёнро мағлуб намуда, ғолиби панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Комроншоҳ сазовори зинаи дуюм ва  паҳлавони дигари тоҷик  Саидҷамол Алимардонов ва  варзишгари Қирғизистон  Шаҳриёр Идрисов ду ҷойи   сеюмро ба даст оварда  буданд.

               Меҳрони  ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 12, 2018 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд