«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии даври 17-уми Чемпионати мамлакат бо «Истиқлол» қувва месанҷад

Сентябрь 17, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр, дар доираи  бозиҳои даври 17-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ «Кӯктош»-и ниҳояи Рӯдакӣ бо чемпионаи феълии Тоҷикистон -«Истиқлол»-и Душанбе вориди майдон мешавад.

Дар бозиҳои мавсими имсола аллакай дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» бо ҳам ду маротиба вохӯрдаанд, ки дар он «Истиқлол»    бо натиҷаи якхелаи 2:0 ҳам дар майдонаш ва ҳам дар сафар ғолиб омадааст.

Дар бозии даври 4-ум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе истиқлолиҳо бо бартарии голҳои Фахриддин Сафарзода (18, 1:0, худгол) ва Ромиш Ҷалилов (26, 2:0) ва дар бозии даври 11-ум дар варзишгоҳи «Нефтяник» дар ҳузури 6 000 тамошобин бо тӯбҳои задаи Муҳаммадҷон Раҳимов (35, 1:0) ва Дилшод Восиев (38, 2:0) сазовори 6 имтиёз гардиданд. Дар даври 17-ум холҳо барои ҳар ду даста зарурат доранд, зеро яке барои унвони навбатии чемпионӣ мубориза мебараду дигаре барои ҷои сеюм дар аввалин ширкаташ дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ.

Дар даври 17-ум  инчунин дастаҳои «Панҷшер» бо «Хатлон», «Регар-Тадаз» бо «Хуҷанд» (19 сентябр) ва «Барқчӣ» бо КМВА «Помир» (20 сентябр) вориди сабқат мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дар даври гузашта «Хатлон» бар «Кӯктош» бо нишондоди 1:0 ғалаба карда, КМВА «Помир» бо «Панҷшер» натиҷаи 1:1-ро нишон доданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Идомаи даври 16-ум

«Хатлон» – «Кӯктош» – 1:0

Гол: Умарҷон Шарифов, 69.

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Далер Шомуродов, Наимҷон Иброҳимзода, Эраҷ Раҷабов, Алишер Баротов, Махмадалӣ Содиқов, Мухтор Ортиқов, Худойдод Узоқов (Далер Умаров, 87), Умарҷон Шарифов, Кароматулло Саидов (Муҳаммад Насков, 90+4), Парвиз Ахунов (Ҷамолиддин Зардиев, 63).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов, Сироҷиддин Гулмуродов (Азизбек Султонов, 87), Принц Артур, Одил Бобоназаров, Фахриддин Сафарзода, Абдурасул Раҳмонов, Идан Окран, Муҳиддин Одилов, Шоҳназар Назаров, Нодирбек Иброҳимов, Мехроҷиддин Музаффаров (Собирҷон Холматов, 68).

Огоҳӣ: Мухтор Ортиқов, Алишер Баротов, Худойдод Узоқов («Хатлон»), Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»).

Бозингари беҳтарин: Кароматулло Саидов («Хатлон»).

Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссар: Комрон Шодиев (Душанбе).

14  сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1500 тамошобин.

 КМВА «Помир» – «Панҷшер» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 36 (1:0). Мунир Давлатбеков, 73 (1:1).

КМВА «Помир» (Душанбе): Миралӣ Муродов, Сӯҳроб Ҷалилов (Доробҷон Эргашев, 28), Фурӯғ Қодиров, Идибек Ҳабибуллоев, Бахтиёр Азимов, Комрони Мирзонаҷот, Расул Файзов, Абдухалил Боронов, Фирӯз Қараев (Мухсинҷон Абдуғаффоров, 63), Шодибек Ғаффоров (Самадҷон Шарифов, 82), Шамсиддин Қосимов.

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Бахтиёр Неъматов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Хушвахт Миров, Қурбонбой Шералиев, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Алишер Салимов (Нӯъмон Зокиров, 61), Мунир Давлатбеков, Маҳмуд Ғаюров, Эйя Эдвард, Шаҳбози Шарифӣ.

Огоҳӣ: Бахтиёр Азимов, Фирӯз Қараев, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (КМВА «Помир»), Хушвахт Миров («Панҷшер»).

Бозингари беҳтарин: Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири доварон: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

Комиссар: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

14 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи  «Нефтяник». 300 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 12 3 1 36-14 39
2 «Истиқлол» (Душанбе) 16 12 3 1 28-13 39
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 16 7 3 6 22-23 24
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 5 4 7 21-22 19
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 16 4 7 5 19-26 19
6 «Хатлон» (Бохтар) 16 5 3 8 17-20 18
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 16 2 6 8 12-22 12
8 «Баркчӣ» (Ҳисор) 16 2 1 13 10-25 7

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 , Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») –  6 тӯб

Сентябрь 17, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд