Комроншоҳи Устопириён аз Бозиҳои Осиё-2018 бо ду медали биринҷӣ ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 3-4 сентяби соли 2018 як гурӯҳ варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни Бозиҳои Осиё-2018 тавассути хатсайри Ҷакарта—Дубай—Душанбе ба Ватан баргаштанд. Миёни варзишгарон ҷоизадори бозиҳо, варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ буд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, Комроншоҳ дар 18-умин Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, сазовори ду медали биринҷӣ гардид. Ӯ ҳам дар намуди дзюдо ва ҳам самбо дар вазни-90 кг ҷои сеюмро ишғол кард.
Комроншоҳи Устопириён зимни суҳбат иброз дошт, ки «ман ба бозиҳо омодагии хуб дида будам ва мақсади ба даст овардани медали тилло доштам, аммо медалҳои биринҷӣ насибам гардиданд».
Комроншоҳ ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ ва фароҳам овардани шароити созгори тамрин изҳори сипос карда, афзуд, ки акнун барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки 20-27 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мегардад, омодагӣ мебинад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






