Лоиҳаи Ғафур Ҷӯраев бо рамзи «Субҳ» ғолиби озмуни кушод барои таҳияи беҳтарин пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ эълон гардид

Сентябрь 13, 2018 08:31

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 13 апрели соли 2018 қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   «Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ба тасвиб расида буд. Озмуни мазкур ҷамъбаст гардида,  лоиҳаи муаллиф Ғафур Ҷӯраев бо рамзи «Субҳ» ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи беҳтарин пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» эълон карда шуд.

Дар ин бора  аз  Раёсати  иттилоот ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тибқи  иттилои  манбаъ,   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6  марти соли 2018 дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расониданд.

Дар асоси Амри мазкур  қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расида,  боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе  ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз  гардид.

Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешаванд.

Ба хотири дар амал татбиқ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон  намуда буд.

Мавриди зикр аст, ки ин тадбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хислати накуи башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва мусоидат ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ба хотири гиромидошти фарзандони баруманди ду миллати дӯсту ҳамсоя — Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ва қадршиносии онҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои точику ӯзбек амалӣ мегардад.

Сентябрь 13, 2018 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд