МАҚСАДИ ТЕРРОРИСТ БА НОБАСОМОНӢ КАШИДАНИ ҶОМЕА АСТ. Муроҷиати расмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

Сентябрь 15, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Воқеоти охирине, ки  дар шаҳри Варшава дар доираи чорабиниҳои САҲА ба амал омаданд, нишон медиҳанд, ки чунин ташкилоти байналмилалӣ,  ба монанди САҲА таҳаввулоти дар Тоҷикистон ба вуҷудомадаро  на объективӣ, балки ғаразнок ва яктарафа, бо истифода аз сиёсати меъёрҳои духўра баррасӣ менамояд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди фаъолияти воҳидҳои сохтории САҲА изҳори тааҷҷуб менамояд, ки он рўирост бо ташкилоти ба истилоҳ  оппозитсионии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эълоншуда ҳамкорӣ намуда, онҳоеро, ки Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро барои бори дигар бо роҳи демократия, сохтани давлати иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд рафтан, тамоми ашхоси манфиатдорро барои ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба мубориза бо давлати расмӣ бархостан даъват мекунанд, дастгирӣ менамояд,

Оё ба вазифаҳои САҲА ин гуна амалҳо дохил мешаванд ва оё меъёрҳои давлати демократӣ  дар ин ҳолат чӣ гуна бояд бошанд?

Бешубҳа, Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварро мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, воҳид ва иҷтимоӣ эълон кардааст. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ буда, тамоми ҳуҷҷатҳои универсалии байналмилалии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва демократикунонии ҷомеа ба имзо расонидааст. Тоҷикистон Конститутсия, низоми қонунгузорӣ, низоми судии мустақил ва озод дорад.

Мардум хуб медонанд, ки маҳз бо қувваи ТЭТ ҲНИ мухолифати шаҳрвандӣ  дар ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон оғоз гардид ва беш аз 150 ҳазор тоҷикистониёнро қурбон кард.

Бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои бешак ҲНИ ташкилоти экстремистӣ ҳисобида шуд. САҲА, ки аъзои ташкилоти террористии ҲНИ-ро имрӯз дар ҷаласаҳояш роҳ медиҳад, ба таври возеҳу равшан пайравияшро аз сиёсати стандартҳои духўра намоиш дода истодааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ чунин бархўрдҳо ба натиҷаҳои мусбат нарасонидаанд. Мо хоҳони онем, ки САҲА аз ин кори хато огоҳ шавад, воҳидҳои сохтории он ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки ба террористон паноҳгоҳ додаанд, аз ин амали хатои худ даст кашанд.

Тоҷикистон, ки дар интиҳои асри 20 ҷанги хонумонсўзи таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд, тавонист оташи ин ҷанги бародаркушро дар кишвар барҳам диҳад, аммо то ҳанўз сабақи ин ҷанг ва саркардаву пешвоёни онро дар симои наҳзатиёни исломӣ ва маблағгузорони хориҷии онҳо фаромўш накардааст. Бинобар ин мо, тоҷикистониён, ки тамоми даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаем, маҷбурем САҲА-ро огоҳ  намоем: ҷанобони муҳтарам, террорист хуб ва ё бад, худиву бегона намешавад. Террорист ҳамеша ва дар ҳама ҷо террорист аст, идеяи доимии ў- ба нобасомонӣ кашидани ҷомеа, шикастани сохтори иҷтимоӣ –сиёсии давлат мебошад. Аз он ки имрӯз аъзои ин ҳизб дар дили Аврупо маскан гирифтаанд, ин маънии онро надорад, ки онҳо аз идеяву мақсадҳои нопокашон даст кашидаанд.

Мо изҳори умед менамоем, ки САҲА аз сиёсати стандартҳои духӯраи худ даст кашида, сиёсати худро нисбат ба ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом таҷдиди назар ва дигаргун менамояд.

Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 15, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад