Миёни Душанбе ва Чиндао муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Менг Фанли, ки бо сафари корӣ ба пойтахти кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкурро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Раиси шаҳри Чиндао Менг Фанли имзо карданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Иштирокчиёни мулоқот саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба махсус таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ба мавзӯоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрокӣ, технология, сайёҳӣ, маориф ва чалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе аҳамияти ҷиддӣ доданд. Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Чиндао бахшида шуд.
Бояд зикр намуд, ки Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, «пойтахти кино ва олимпиада», маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.
Чиндао бо зиёда аз 700 бандарҳои ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар қолаби бародаршаҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ( 21 августи соли 2017) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.











«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»






